Сандуқи байналмилалии  пул ба  Тоҷикистон  189,5млн. доллар  дод

Сандуқи байналмилалии  пул ба  Тоҷикистон  189,5млн. доллар  дод

  • Post category:Ҷаҳон


Сандуқи байналмилалии пул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо вируси корона дар ҳаҷми 189,5 миллион доллар кумак хоҳад кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард.
Тибқи иттилои манбаъ,  маблағи мазкур барои қонеъ намудани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид доштааст, ки ин кумак ба “пешгирӣ аз ҷиддан бесубот шудани вазъи иқтисод ва ҳаёти одамон, нигаҳдории имконот барои хароҷоти муҳими соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии вобаста ба COVID-19” ёрӣ мерасонад.
Муовини директори иҷроияи Сандуқ  Тао Чжан изҳор доштааст, ки камбудиҳо дар соҳаи савдо ва боркашонии нақлиётӣ ба коҳиши босуръати интиқоли пул ва даромадҳои давлатӣ боис гардида, зарурати таъҷилии маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва буҷет ба миён омадааст.

“Кумаки молиявии Сандуқ қисми назарраси маблағҳои лозимро барои роҳандозии тадбирҳои зиддибуҳронӣ таъмин мекунад. Барои рафъи норасоии маблағи боқимонда пешниҳоди сармоягузории имтиёзнок ва грантӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ аҳаммият дорад”, — илова кардааст Сандуқи байналмилалии пул.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ