Вирусологҳои ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон рафтанд

Вирусологҳои ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон рафтанд


Аз мамлакати мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар вирусологҳо рафтанд. Онҳо мутахассисони ҳирфаӣ буда, дар табобати беморони сироятии коронавирус ва пешгирӣ аз он дар кишвари ҳамсоя саҳм мегузоранд.
Сафари ҳайати шифокорон дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ