Бибиҷони 90 сола 60 миллион сӯм эҳсон кард

Бибиҷони 90 сола 60 миллион сӯм эҳсон кард

Сартабиби Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд Фурқат Валиев, ки ҳоло сардори штаби мубориза бар зидди коронавирус дар ноҳия аст, саргарми кор буд, ки нобаҳангом телефони дастиаш занг зад.

Лаббай!

О, Фурқатҷон, салом, ман Муаззас Раҳимовна аз Тошканд занг мезанам, – худро муаррифӣ намуд ӯ. – Аз ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» хабардорам. Бинобар ҳамин, ният кардам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ин кори савоб саҳм гузорам. Бо ин мақсад, аз ҳисоб-рақами худ барои шифохонаи шумо 60 миллион сӯм ирсол менамоям, ки табибон либоси махсуси муҳофизатӣ гирифта пӯшанд.

Лутфи шумо бузург, Муаззас Раҳимовна, – арзи сипос намуд Фурқат Мухторович. – Аз мо чӣ хизмат?!

Маҳви коронавирус! – гуфт Муаззас Салиҳбоева. – Ана бубинед, таҳти роҳбарии сарвари давлатамон чӣ қадар ғамхорӣ ва эътибор зоҳир мегардад. Сонӣ, ба маълумоти шумо мехоҳам расонам, ки раҳматӣ шавҳарам Саид Салиҳбаев солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Самарқанд котиби аввали ҳизб буд. Мо дар ноҳия бисёр нону намак хӯрдем ва аксарияти мардум қадрдон ҳастанд.
Сипас Фурқат Мухторович аз номи ҷамоаи 500 нафараи шифокорон ва 1600 нафар ҳамшираҳои шафқат ба бибиҷони 90-сола барои хайру эҳсон миннатдорӣ изҳор намуда, умри саъдиёна ва саломатии мустаҳкам таманно намуд.
Ҳа, бузургон насиҳат кардаанд:
Эҳсон ҳама халқро навозад,
Озодонро чу банда созад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ