Аз Самарқанд то Детройт ё C5+1 чист?


«Аз Самарқанд то Детройт ё C5+1 чист?» номи филми мустанадест, ки хабарнигорони ӯзбеку тоҷик офаридаанд. Саҳнаҳои филм моҳи феврали имсол дар Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст.    
Коргардони филми 25-дақиқаӣ, мегӯяд, паёми асосияшон чашмандозе ба ҳамкориҳои фоидаовари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти умумии минтақа, аз ҷумла муҳити зисту беҳбуди шароити тиҷорат ва ҷалби сармоягузорист. 
Филмро Аскар Ёқубов ва Баҳодур Расулов аз Узбекистон ба навор гирифтаанд. Харҷи филм ва сафари коргардону наворгирон ва муаллифони дигари филмро Вазорати умури хориҷии Амрико додааст. 
«Ҳозир мебинем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои наҷоти худ аз COVID-19 дарвозаҳояшонро ба рӯйи якдигар бастаанд. Ин чӣ гуна ҳамсоягист? Ҳадафи асосии мо ин буд, ки ба Амрико равем, бубинем, ки бо ҳамсояҳояш — Канада ва Мексика — чӣ гуна ҳамкорӣ дорад. Бо иқтисоддонҳо, марзбонҳову маъмурони гумрук суҳбат кардем. Хостем намунаи беҳтари ҳамкориро барои ҳамсояҳо нишон диҳем», — гуфт Баҳодур Расулов. 
Муаллифони филм намунаи ин ҳамкориҳои Амрикоро бо кишварҳои ҳамсояаш дар шаҳри бандарии Детройт, дар шимоли Иёлоти Муттаҳида ва ҳаммарз бо Канада, ҷустаанд.  
Баҳодур Расулов мегӯяд, «дар як бандари гумрукии байни Амрикову Канада дар шабонрӯз ба маблағи 500 миллион доллар бор табодул мешавад. Ана, муносибат бояд чӣ хел бошад. Мумкин аст, кишварҳои Осиёи Миёна байни ҳам дар як сол ҳамин қадар тиҷорат кунанд. Хостем шеваҳои ин ҳамкориҳоро бозгӯ кунем.»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ