Беморие, ки аз коронавирус ҳам хавфноктар аст

Беморие, ки аз коронавирус ҳам хавфноктар аст

  • Post category:Саломатӣ

Имрӯз мо аз вируси короно ҳарос дорем, аммо бехабар аз он ҳастем, ки маргу мири одамон дар ҷаҳон аз вируси ҳепотит камтар аз короно нест.
Тибқи омори Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ танҳо дар соли 2017 2 миллиону 850 ҳазор нафар дар ҷаҳон гирифтори вируси ҳепотит шудаанд. Аз ин омор бармеояд, ки ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ҳудуди ҳашт ҳазор нафар дар ҷаҳон олудаи он мешаванд. Маргу мир аз вируси ҳепотит 1,4 миллион нафарро дар сол ташкил медиҳад. Ин рақамро агар ба 365 рӯз тақсим кунем, 3825 нафар дар рӯз аз он мефавтанд. Омори маргу мир аз вируси короно бошад, тибқи оморҳои тоза (30-март) ба 3166 нафар дар рӯз расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои пешгирӣ аз вируси ҳепотит воксин вуҷуд дорад.

Ҳепотити вирусӣ яке аз роиҷтарин бемориҳо дар ҷаҳон буда, дар беш аз 200 кишвари дунё сабт шудааст. Тибқи омори расмии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ҳепотит аз лиҳози маргу мир дар байни бемориҳои уфунӣ дар ҷаҳон пас аз бемории сил дар ҷойи дувум меистад. Бар асоси оморҳо беш аз 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба вируси ҳепотити В сироят шудаанд. Аз ин теъдод 350-400 млн нафар уфунати музмин (куҳна) дошта ва дар хатари марги бармаҳал қарор доранд. Гирифторони вируси ҳепотити В даҳ баробар бештар аз гирифторони вируси норасоии масунияти бадан (HIV) ҳастанд. Ба ин тартиб, миқдори олудашавӣ торафт бештар мешавад, зеро бештари гирифторон аз равишҳои эманӣ огоҳ нестанд ва ба васоили эманӣ дастрасӣ надоранд.

Вируси ҳепотити В дар хориҷ аз бадан дар баробари ҳарорат, рутубат ва маводи шимиёӣ бисёр муқовим аст. Ин вирус дар ҳарорати +30 0С то шаш моҳ, дар зарфи хушк то 4 ҳафта ва дар ҳарорати -20 0С то 15 сол ва дар плазмаи хушкшуда то 25 сол зинда мемонад.

Дар автоклав дар 30 дақиқа ва дар дар сандуқи безарарсозӣ бо гармои хушк (сухожаровой шкаф) дар ҳарорати 160 0С дар як соат аз байн меравад. Дар гармои 60 0С давоми 10 соат нобуд мегардад.

Ин бемории антрапонозӣ мебошад, яъне фақат аз одам ба одам иниқол меёбад.

Давраи гузариши ин вирус метавонад аз 30 то 180 рӯз бошад. Ба ҳисоби миёна 75 рӯзро дар бар мегирад. Бемории вируси ҳепотити В дар бештари ҳолатҳо аломатҳои хоссе надорад ва метавонад беаломат гузарад. Ташхиси ин беморӣ аз навъҳои дигари ҳепотит танҳо аз роҳи озмоишҳо имконпазир аст. Барои ташхиси бемории ҳепотит озмоишҳое чун таҳлили умуми хун, таҳлилҳо барои фаъолияти ҷигар, соногрофӣ, фиброскан ва биопсияи ҷигар лозиманд.

Сатҳи ибтило ба ҳепотити B-ро метавон дар 30 то 60 рӯз баъд аз олудашавӣ ба вируси ин беморӣ дар зардобаи хун муайян кард.

Ҳамасола тақрибан як дарсади беморони ҳепотити В-и музмин бидуни табобат вирусро аз баданошон пок мекунанд. Вале аз байни онҳо то 2-3 нафарашон такроран натиҷаи озмоиши мусбати ҳепотитро мегиранд. Бинобар ин, ба ҳамаи беморон тавсия мегардад, ки ҳар шаш моҳ аз ташхис гузаранд.

Мавҷудияти вирус дар организм

Вируси ҳепотити В дар моеъоти мухталифи бадан, монанди оби даҳон, оби манӣ, идрору моеъи маҳбал ва шири модар дида мешавад. Вале то имрӯз танҳо хун ва оби даҳон интиқолдиҳандаи ин беморӣ ҳисоб мешаванд. Ба лиҳози назарӣ, атса кардан ва ворид шудани заррачаҳо ба чашми шахсони солим низ метавонад сабаби интиқоли беморӣ гардад. Ба ҳамин далел, ҳангоми атса кардан бояд даҳонро бо дастмол пӯшонд.

Қобили зикр аст, ки дар гузориши Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ хун танҳо моеъе дониста мешавад, ки сабаби интиқоли ҳепотити В мебошад. Албатта, дар сурати воксинзанӣ ё моякӯбӣ бар зидди ҳепотити В метавон комилан бехатар зиндагӣ кард.

Роҳҳои интиқоли беморӣ:

  1. Аз модар ба кӯдак

Интиқол аз модар ба ҷанин дар замони бордорӣ хеле нодир аст. Бештари вақтҳо вируси ҳепотит ҳангоми таваллуд аз модар ба кӯдак интиқол меёбад. Вуҷуди вируси ҳепотит дар хуни модарон хатари интиқоли он ба кӯдакро бештар мекунад. Андозагирии мизони вирус дар чанд ҳафтаи охири бордорӣ ва табобати он хатари интиқоли бемориро ба кӯдак кам мекунад.

Ҳеч далелу мадраки илмӣ дар бораи ин ки амали ҷарроҳии рустамона (қайсарӣ ё кесарево) гӯё пеши роҳи интиқоли ҳепотит аз модар ба кӯдакро мегирад, мавҷуд нест. Бинобар ин, ҳар навзоде, ки аз модари олуда ба вируси ҳепотити В ба дунё меояд, бояд

воксини зидди ҳепотити В ва иммуноглоболин (HBIG) бигирад.

Шир додан ба кӯдак сабаби интиқоли вирус намешавад:

Бинобар ин, шир додани модари гирифтори ҳепотити В ба навзод мамнуъ нест!

  1. Робитаи ҷинсӣ:

Риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми омезиши ҷинсӣ метавонад боиси интиқоли вируси ҳепотит шавад. Аз ин рӯ, тавсия мешавад мардон ва заноне, ки дар андомҳои таносулияшон захм доранд, бояд аз васоили пешгирии уфунат, монанди рифола (презерватив), истифода кунанд. Алоқаи ҷинсӣ ҳангоми ҳайз ё одати моҳонаи занон (менструатсия) манъ аст!!!

  1. Истифода аз суранг ё сӯзандоруи муштарак, ё гузарондани хуни олуда бо вирус,
    Холкубӣ, сӯрох кардани гӯш бо васоили олуда,
    Истифода аз мисвок ё теғи риштарошиии олуда,
    Фурӯ рафтани сӯзани олуда ба вирус дар пӯсти коркунони тиб.

Равишҳои дигари сирояти вируси ҳепотит иборатанд аз:

Тибби сузанӣ ё сӯзандармонӣ,
Пайванди узв,
Муроҷиати зиёд ба дандонпизишк
Ҳиҷомати ғайри беҳдоштӣ

Риоят накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар ороишгоҳ

Хатнаи ғайри беҳдоштӣ.

Ҳашароте, ки хун мемаканд, аз қабили пашша ва ё кайку канаҳои рахти хоб (постельные клопы) бахусус дар минтақаҳои гармсер метавонанд воситаи интиқоли вирус бошанд.
Интиқоли вирус дар дохили хонавода: Агар дар хонавода як нафар дорои вирус бошад, эҳтимоли интиқоли беморӣ ба аъзои дигари хонавода вуҷуд дорад, вале ин тамоси мудовим ва тӯлониро металабад. Бинобар ин, ба ҳамаи аъзои хонавода воксини зидди ҳепотити В гузаронида мешавад.
Шахсоне, ки бештар осебпазиранд:
Беморони хунтаровӣ (гемофилия),

Бемороне, ки ба полоиши хун (диализ) ниёз доранд,
Коркунони марказҳои беҳдоштӣ (санитарӣ) ва дармонӣ,
Муътодон ба маводи мухаддири тазриқӣ, ки ҳамроҳ бо афроди дорои вирус аз сурангҳои муштарак истифода мекунанд.

Пешгирӣ
Муҳимтарин роҳи пешгирии ин беморӣ огоҳ намудани мардум дар бораи ин беморӣ ва роҳҳои сирояту пешгирии он аст.

Ҳар фарде, ки ҷузви гурӯҳҳои осебпазир аст, бояд ҳар 5 сол як бор аз воксини зидди вируси ҳепотит истифода кунад.

Табобати беморӣ:

Бо ин ки барои табобати ҳепотит ҳанӯз доруҳои махсусе мавҷуд нестанд, вале хушбахтона ин бемориро бо кумаки доруҳои зиддивирусӣ метавон контрол кард ва ихтилоли ҳепатоситҳоро ба қадри имкон пешгирӣ ва фаъолияти тӯлонии ҷигари осебдидаро ҳифз кард. Аз ин рӯ табобат ва муоинаи ҳамешагии мутахассис танзимшуда фаъолияти тӯлонии ҷигарро таъмин хоҳад кард. Бояд гуфт, ки доруҳои ҳепатопротекторҳо (эссенсиал, лив 52, гептрал), ки маъмулан барои табобати ҳепотит зиёд истифода мешаванд, илова ба нархи гаронашон таъсироти шубҳаовар низ доранд. Бинобар ин, аз ҷониби тибби муосир тавсия дода намешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ