Журналисти бебок ва ҳақиқатнигор буд

Журналисти бебок ва ҳақиқатнигор буд

Расо 45 сол аст, ки яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд, журналисти бебок, ҷонсӯзи миллат Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар байни мо нест. Гарчанд чанд харбузапазӣ гузашта бошад ҳам, кори неку номи некаш ҷовидон аст.
Инак, чанд хати мустанад дар нигориши чеҳраи марди шариф, адиб ва журналисти маъруф устод Ҳоҷикурбон Ҳамидзода, ки камина иншо намуда ба ҳукми муштариён ҳавола мекунем.

Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳаме номи накӯ бувад ёдгор.
Фирдавсӣ
8-уми майи соли 1975.
Ҳамидамак бо ташвишҳои рӯзгор банд буд. Вай акнун духтари хурдиашро ба шавҳар медод. Дар хона занҳо таъйин карданд, ки мошине ёфта биёянд, то расму оини тӯйи арӯсӣ ба ҷо оварда шавад. нону фатир, кулчаю самбӯсаҳои идӣ ва дигар тӯҳфаҳои домодиро, ки ба дастурхон бастаанд, мебоист ба хонаи домод фиристанд.
Падар сари кӯча интизори мошину дар сар андешаҳои гузаронидани тӯй рост меистод. Ногаҳон мошине наздаш қарор гирифт. Ҳамидамак хурсанд шуд, ки акнун мошинкобӣ намекунад. Аз мошин шиносе беру номад. Вай аввал дудила шуда истоду сонӣ ба Ҳамидамак наздик шуд. Соҳибхона аз рӯйи одат ва таомул бо ӯ самимона вохӯрӣ карда, ба чой даъват намуд.

  • Не-не, дафъаи дигар, — забон хоида пичиррос зад вай. – Писаратон…
    Дили падар шуввӣ кард. Вай бо ҳайрат ба меҳмони нохонда нигоҳ намуд.
  • Чч… чӣ.. шуд?
  • Амак, натарсед, — акнун марди ҷингиламӯй кӯшиш мекард, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст. – Писаратон камтар… ҳм… ҳозир дар касалхона.
  • А? – базӯр овоз баровард пирамард. Якбора дунё дар назараш торик шуд. Сараш чарх зад, мадори поҳояш хушк гардид. Бо нафрат чашм ба он шахс дӯхту «Ин акка дар куҷо буд?» гӯён аз дил гузаронд.
    Хост гӯяд, ки «мошинат пеш-пеш, худат аз ақибаш!» аммо на қуввати гап задан дошту на ҳаракат кардан.
    Аз байн чӣ қадар вақт гузаштанашро надонист ва чӣ тавр дар дохили мошин нишастанашро нафаҳмид. Фикру хаёлаш парешон шуда, дилаш ба сад кӯчаю паскӯча мерафт.
  • Ба касалхонаи шаҳр меравем, — хоҳиш намуд Ҳамидамак, — акояш Абдуғаффорро бинем…
    Дар ҳавлии беморхона чанд мошин меистод. Мошини хизматии писараш ҳам ҳамин ҷо буд. Бо дидани пирамард ронанда ҳунгос зада гиря кард. Абдуғаффор аз кабинеташ баромаду падари бузургворашро ба оғӯш гирифта, худдорӣ карда натавонист.
  • Воҳ додарам! – гуфта фарёд кард вай.
    Пирамард аз ҳуш рафт…

Қадами қатъӣ
Ҳоҷиқурбон панҷсола буду китобҳои хоҳарашро бо шавқ варақ мезад, аз расмҳояш чашм намеканд.
Арафаи соли нави таҳсил буд. Хоҳари калониаш тараддуди мактабравӣ дошт.

  • Дада, ман ҳам ба мактаб равам? – гуфт писарча. – Ойтем катӣ мехонам.
    Сарвари оила аз хоҳиши писар ба андеша рафт. Зеро Ҳоҷиқурбон бачаи хеле хурдҷусса, камқувват, лоғар ва як пояш обиладор, ки буд, озод гашта наметавонист, каме мехиромид. Падар барои хафа накардани фарзанд назди муаллими деҳа рафт.
  • Кӯдак шавқи хондан дошта бошад хеле хуб, — гуфт омӯзгор Ҳасан Нуруллоев. – Масъалаи омадану рафтанаш чӣ тавр мешавад?
  • Ҳар пагоҳ бардошта меоям, — ваъда дод Ҳамидамак, — фақат шумо барои хондан иҷозат диҳед бас.
    Аз якуми сентябр Ҳоҷиқурбон ба мактаб омад. Вай зоҳиран аз дигарон фарқ кунад ҳам, аммо бо хешзеҳнӣ, кӯшишу ғайрат, қобилияту гаправӣ устодашро дар ҳайрат мегузошт. Бо ҳаваси зиёд дарс мехонд. Пайваста рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал»-ро мутолиа мекард. Рӯз аз рӯз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба хондан бештар мегардид.
    Боре аз назди клубе, ки дер боз сохтмонаш чала буд, гузашта азм кард, ки дар ин бора чизе нависад. Мушоҳидаҳои худро навишта, ба идораи рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик») фиристод. Хабари танқидии «Клуби гӯшти уштурхӯрда» чоп шуду барои тафтиши он ба деҳаи Боғи Майдон аз Тошканд, кумитаи ҳизбии вилоят, хоҷагии ҷамоатии ба номи Пушкин (ҳоло Фотима Қосимова) вакилҳо омаданд. Онҳо боварӣ ҳосил намуданд, ки танқид дуруст аст. Вакили марказ роҳбарони хоҷагӣ ва ноҳияро барои бепарвоӣ коҳиш намуда, хоҳиш кард, ки бо муаллифи мақола ҳам шинос шавад.
    Дар як дам Ҳоҷиқурбонро аз дарс оварданд. Вакил бо писараки даҳсола рӯ ба рӯ шуда, дар ҳайрат омад.
  • Ҳамидов ту ҳастӣ? – нобоварона пурсид вай.
  • Ҳа, — кӯтоҳакак ҷавоб дод Ҳоҷиқурбон.
  • Мақола

ро кӣ навишт? – тааҷҷубомез боз пурсид вакил.

  • Ман навиштам, — гуфт писарча ва ба вакил рост нигоҳ кард. Кори бад кардам?
  • Офарин, ба ту! – вакил дасти ӯро самимона фишурд. «Ҳамин хел камбудиҳоро навишта исто. Мухбирон мардуми нотарс мешаванд. Далер бош! Дар оянда аз ту журналисти зӯр мебарояд.
    Ҳамин воқеа сабаб шуду Ҳоҷиқурбон бо номи «мухбирча» маълуму машҳур гардид. Хабару мақолаҳои вай доир ба навигариҳои мактабу деҳа зуд-зуд дар рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун пайдо мешуданд.
    Муаллимон қобилияти вайро пай бурда, ӯро ба рӯзномаи девории мактаб муҳаррир таъин карданд. Вай кӯшиш мекард, ки рӯзномаи деворӣ аз ҳар ҷиҳат хоно, шавқовар ва ҷолиби диққат бошад. Барои ҳамин худ бисёр мехонд, таҳлил мекард, аз китобу адабиёти гуногун истифода мебурд. Дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекарду илова бар ин забонҳои русӣ ва ӯзбекиро низ пайваста меомӯхт. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуд.
    Бидуни имтиҳонсупорӣ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил гардид. Дар солҳои донишҷӯӣ низ дар матбуоти ҷумҳурӣ ва марказӣ бо хабар, мақола, очерк, репортаж, мусоҳиба, фелетонҳо иштирок менамуд. Вай ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ озод менавишт ва сухан мекард.
    Аз ҳисоби ҳаққи қалам зиндагӣ басар мебурд ва маблағро пасандоз карда, китоб мехарид. Барои волидон ва додару хоҳаронаш аз Тошканд тӯҳфаҳо меовард.
    Ҳоҷиқурбон факултаи журналистикаро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Бо таклифи устодонаш дар аспирантураи донишгоҳ таҳсилро давом дод. Пайваста бо редаксияҳо ҳамкорӣ дошт. баъди ҳимояи рисолаи номзади фанҳои фалсафа дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба кор шурӯъ намуд. Ба ҳайси хабарнигори хоссаи рӯзнома ба гӯшаю канори Ӯзбекистон сафар карда, дар бораи мардуми касбу корашон гуногун очерку ҳикояҳо, лавҳаю репортажҳои дилчасп эҷод намуд. Вале ҳамин, ки дар Самарқанд ояд, падараш ба ӯ пазмон шуданашро мегуфт.
  • Акнун саёҳати дунё бас аст, — гуфт рӯзе модараш, — ман ҳам мехоҳам келин биёрам, ки хизматамро кунад. Охир кору хондан ҳам ҳудуд дорад…
    Вай бо дархости волидайн дар шаҳри Самарқанд омада, дар идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») ба кор даромад. Ба забони ӯзбекӣ низ эҷод намуда, диққати хонандагонро ба худ кашид.
    Дере нагузашта, ӯро дар кумитаи вилоятии ҳизб ҳамчун мушовири корҳои матбуот пазируфтанд. Вай дар ин вазифа бо ҳафсалаи том кор мекард. Дар идораҳои рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ, кумитаи радио ва телевизион ҳамсӯҳбат шуда, барои беҳтар намудани корҳои эҷодӣ маслиҳатҳои муфид медод. Ҳамин ректори Университети мухбирони коргару деҳқон, ки дар назди рӯзномаҳои вилоятӣ арзи вуҷуд дошт, фаъолияти хуб нишон дод.
    Худ низ пайваста эҷод мекард. Ӯ мехост, ки дар бораи шаҳри бостонӣ китоби «1001 ҳақиқат дар бораи Самарқанд»-ро нависад. Ба ин мақсад дар матбуоти вилоятӣ, ҷумҳуриятӣ ва марк??? Аз ҳаёт, таърих, осорхона ва анъанаҳои неки халқи шаҳри бостонӣ чанд мақола ва сафарномаҳо чоп кард.
    Ӯ инчунин шогирдони хеле зиёд дошт, ки ҳоло ҳам дар соҳаи гуногун дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна пурсамарона меҳнат мекунанд.

Ҳикояи волидайн
Барои ошноӣ бо мураббиёни устоди худ ба деҳаи Боғимайдон омада будам. Он рўз писари ў Далерҷон роҳбалади ман буд. Вай ба баъзе пурсишҳоям шармгинона ҷавоб медод. Ҷавони навча, камгап, боҳаё будааст.

  • Вақте ки падарам аз олам чашм пўшиданд, — гуфт вай, ман чорсола будам. Эҳтимол аз ҳамин сабаб пайкарашон, овозашон ба лавҳи хотирам намеояд. Кош сухаронашонро шунида, аз меҳру навозишашон баҳра мебурдам. Афсўс, ки ба шумо ҳеҷ чиз нақл карда наметавонам…
    Мо саргарми сўҳба шуда, чӣ тавр ба ҳавлии онҳо омаданамонро пай набурдем. Дар девори паҳлўи дарвоза чашмам ба лавҳаи мармарин афтод: «Хона музейи нависанда ва журналисти боистеъдод, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ўзбекистон Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода: 1937-1979».
    Марди солхўрда, ки дар беруни ҳавлӣ ток мебурид, ба пешвоз омад. Далерро дида ба оғўш гирифт. Бо остинҳои ҷомааш оби дидаашро пок карда, моро ба хона таклиф намуд. Дар даҳлези хурдакак сандалӣ буд. Нишастем. Пиразане дастурхон густурда, чой овард.
  • Ин кас шогирди дадем, — каминаро муаррифӣ намуд Далер, — мехоҳанд дар бораи падарам

чизе нависанд.
Пиру кампир аз матлаби мо пай бурда, ашки чашмонашонро нигоҳ дошта натавонистанд.

  • Ин рўз ба сари ягон фарзанди инсон наафтад, писарам, — гирякунон гуфт пирамард бо дарду алам, бачекам ҷавонмарг шуд. Охир дар дилаш орзую нияташ бисёр буд. Агар ду-се рўз рўйи ҷогаҳ бемор мехобид, ин қадар сӯхта намепухтем, — оби чашмони пирамард шашқатор шуда, мадори сухан карданаш намонд.
  • Сабаби аҷал-дия, — барои дилбардорӣ гуфтем мо. – Дар ин дунёи дурӯза ҳама меҳмон…
  • Писарам бо аҷали худаш намурдааст-дия! – якбора аланга гирифт мусоҳибам, — ҳеҷ бовариам намеояд, ки марги ӯ тасодуфӣ бошад! Хеле ҳайратангез аст, ки дар садамаи автомобилӣ аз панҷ нафар танҳо фарзанди ман нобуд шавад?! Фалокатро кадом як нотавонбину нобакор ба нақша гирифта, иҷро кардааст писарам, акнун фаҳмидед?!
  • Ба ин асос доред? – бо ҳайрат пурсидам ман.
  • Албатта! – акнун ӯ бо оташинӣ гап мезад ва дар овози ӯ бештар ғазаб ҷӯш мезад, — писарам аз дасти қотилҳо мурд!
    Пирамард чойи пиёларо ҳурт-ҳурткунон фурӯ бурду каме ҳавлаш паст шуда, суханашро оромона давом дод:
  • Як рӯз саҳарии барвақт мошин омада, котиби якуми ҳизби вилоят, яъне обкомбобо раҳматӣ Қодиров ӯро суроғ карданашро гуфт. Ҳоҷӣ (ӯро аҳли хона ва дӯстони наздик чунин меномиданд – З.Ҳ.) сару либосашро пӯшида рафт. Пешинрӯзӣ омад. Димоғаш сӯхта буд.
  • Тинҷӣ? – пурсидам аз ӯ.
  • Ҳеҷ гап не, — бо оҳи пурдард гуфт вай.
    Маълум буд, ки дилашро гурбаҳо чангол мекунанд. Аммо вай одате дошт, ки якбора сири дилашро намекушод. Андешакунон оҳиста-оҳиста сухан мекард. Он рӯз ҳам ҳамин тавр шуд.
  • Аҳволи котиб вазнин, — хаёлолуда гуфт Хоҷӣ.
  • Маро душманон нобуд карданд, аммо ту додар, эҳтиёт гав, — гуфт Владимир Николаевич. – Ба гуфти духтурҳо рӯзи Қодиров башумур мондааст… Дилам ба Қодиров месӯзад. Вай барои ободу зебо гардидани шаҳрамон, решакан кардани ҳар хел ҷӯрабозӣ, ҳаромхӯрӣ, фиребгарӣ, порагирӣ, мардумфиребӣ маҳкам миён баста буд…
    Рӯзи дигар хабар расид, ки котиби кумитаи вилоятии ҳизб фавтидааст. Ин хабари нохуш ҳамаи моро ба ташвиш гузошт. Ҳоҷӣ тамоман осудагии худро гум кард. Ман ҳис менамудам, ки вай аз чизе ҳамеша дар ташвишу изтироб аст. Хаёпарешон мегашт…
    Котиби нав ӯро ба дигар кор гузаронд. Сонӣ… Сонӣ хабар омад, ки дар роҳи Каттақӯрғон фалокати автомобилӣ шудаасту писарам…
    Ҳамидака аз нав оби дида кард. Чун кӯдак китфонаш ларзида мегирист. Дигарон низ ашки чашмонашонро нигоҳ дошта наметавонистанд. Дар хона як ҳолати ногуворе ба амал омад.
  • Қабрашон пурнур шавад, одами дилсафед, хайрхоҳу савобталаб буданд, — изҳори ақида кардам ман, — бо шоҳу гадо баробар муомила мекарданд.
  • «Гуноҳаш» ҳамин буд, ки гапи ҳақро мегуфт, пирамард боз ба сухан даромад. – Мумкин ростқавлию росткориаш ба сараш расид…
    Мо бо соҳибхона дер гоҳ сўҳбат кардем. Бо ҳуҷҷатҳои бойгонии Ҳамидака аз наздик шинос шудем. Китобхонаи шахсии ў диққати моро ба худ кашид. Дар ҷевонҳои вай беш аз ду ҳазор адад асарҳои гуногун буданд.
  • Гоҳ-гоҳ ёру дўстонаш ба хона меоянд, — гуфт пирамард ва коғазеро ба ман дароз кард. – Ин марсияро яке аз мухлисонаш иншо намудааст.
    Мо ба он чашм давондем:
    Ҳоҷиқурбон ҳамчу як гаҳваршиносе рафт, рафт
    Аз миёни маъруфон соҳиббаёне рафт, рафт.
    Дар камоли фозилӣ файёзи шаҳри хеш буд,
    Во дареғ, аз боғи ирфон навҷавоне рафт, рафт.
    Аз таассуф ашки мардум ҳамчу борон рехт, рехт,
    Ҳамчу булбул аз канори бўстоне рафт, рафт.
    Модари зораш бо фарёду падар шуд синакўб,
    Бо чунин доғи ҷудоӣ меҳрубоне рафт, рафт,
    Ончунон соҳибамолу нодири ин асри мо,
    Ҳасрате, соҳиббаён, оташзабоне рафт, рафт.
    Меҳри ў дар синаи аҳбоб доим зинда аст,
    Эй Садоӣ, як муҳибу меҳрубоне рафт, рафт.
    Ҳақ бар ҷониби шоир аст. Дар ҳақиқат, як марди ширинзабон, хушбаёне зиндадил бо як олам орзую умед аз байни мо бебозгашт рафт.
    Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷўй нест,
    Ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
    Аз рўи одат дар яке аз рўзҳои якшанбе ба хона-музейи устод Айнӣ омадем. Директори музей Абдукарим Ғанизода чун аввала пазироӣ кард. Дар қабулхона дўстону мухлисони каломи бадеъ саргарми сўҳбат буданд. Сўҳбат тадриҷан дар ҳаққи Ҳамидзода қарор гирифт.
  • Бори аввал бо Ҳамидзода охирҳои солҳои 50-ўм дар чойхонаи

Чорсуи Регистон вохўрдам, — гуфт Абдукаримака. Ҳамон вақт ҳам шахсоне, ки ба адабиёти тоҷик дилбастагӣ доштанд, ин ҷо меомаданд. Он рӯзҳо ҳам сӯҳбатамон дар атрофи адабиёт, санъат, илму ирфон буд.
Раҳматӣ Ҳамидзода бо заҳмати зиёд дар назди китобхонаи шаҳрӣ, ки дар маҷмӯи Чорсу ҷой гирифта буд, қабулхонаи ҷамоатии «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро ташкил кард.
Аз байн чанд сол сипарӣ гашту дар Регистон музейи устод Айнӣ кушода шуд, ки дар ин кори хайр ҳам хизмати ӯ хеле калон аст. Лекин ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ баъзе «калоншаванда»-ҳои шаҳр музейро нест карданӣ шуданд. Аммо барои аз вайроншавӣ нигоҳ доштан ӯ ба Маскаву Тошканд, Душанбе, ба рӯзномаҳо хату телеграммаҳо ирсол намуд. Сонӣ хона-музей расман тантанавор кушода шуд, ки дар он ҳатто собиқ роҳбари Ӯзбекистон, шогирди устод Айнӣ Шароф Рашидов ташриф овард.
Дертар қабулхонаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба ин ҷо кӯчонда шуд. Рӯзҳои якшанбе Ҳ.Ҳамидзода яке аз аввалинҳо шуда, меомад. Бо экспонатҳои нав шинос шуда, чӣ тавр ҷойгир кардани онҳоро маслиҳат медод.
Ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад, — бо эҳсоси ифтихор суханашро давом дод Ғанизода. – Ҳар боре, ки меҳмонҳои хориҷӣ фавҷ-фавҷ шуда меомаданд, вай «Абдукаримака, машҳур шавед, машҳур» гуфта, торафт аз серодам гардидани музей хурсандӣ мекард.

  • Ман бо Ҳоҷӣ ҳамсол будам, — афзуд профессор Абдусалом Саидҷонов. – Дар Тошканд ҳамроҳ таҳсил гирифтем. Баъзан ба хонааш мерафтам. Дар утоқаш бисоти ягона рӯзномаю маҷаллаҳо, китобу қомусҳо буданд. Аҷиб одатҳое дошт вай. Ба мӯду мӯдпарастӣ вақт надошт, лекин завқи баланди либоспӯшиаш моро дар ҳайрат мегузошт. Тамоку намекашид, май наменӯшид, одамони майпарастро чашми дидан надошт.
  • Ман Ҳамидзодаро монанди каси наздик ё ҳамсояи девордармиён не, балки чун муаллим-устоди ғамхору меҳрубон мешинохтам, — ҳикоя намуд адибаи умедбахш аз деҳаи Миронқул Маҳбуба Турсунова, — дар давоми ду соли таҳсил дар Донишкадаи педагогии ба номи устод Айнии шаҳри бостонӣ мо, донишҷӯён, ба бисёр қоидаҳои мактаби олӣ мутобиқ шуда будем. Акнун мо он озодиеро, ки дар мактаби миёна доштем, аз даст дода будем. Ҳар гапро бемалол аз устодон пурсида наметавонистем, мақсадамонро озод баён намекардем: гӯё байни муаллимону донишҷӯён як деворе буд, ки на ҳар донишҷӯ аз он гузашта метавонист. Баъзан ман фикр мекардам, ки ин гуна аз якдигар дур будани устодону шогирдон шояд бо айби худи мо бошад? Ё бисёркории устодон аст, ки вақти ҳамроҳи мо сӯҳбати «маҳрамона» кардан надоранд? Ё ягон сабаби дигар ҳаст, ки ақли мо ба дидани он кӯтоҳӣ мекунад?
    Вақте ки Ҳамидзода омаду ба гуфтани дарси фалсафа оғоз кард, фаҳмидем, ки гап дар куҷо будааст!
    Вай марди миёнақарди пешонафарохе буда, дар сумкаи калонаш ҳамеша чанд адад китобҳои тозанашр гирифта мегашт ва ҳангоми сӯҳбат ба мо чӣ тавр пайдо кардани онҳоро маслиҳат медод. Ҳатто онҳоро барои истифода ба муддате дар дасти мо мегузошт.
    Ҳангоми суханронӣ бисёр арақшор мегашт ва зуд-зуд арақи пешонию лабу даҳонашро бо рӯймолча пок мекард. Ин ҳолати ӯ бештар ҳамон вақт рӯй медод, ки агар аз чизе норозӣ бошад ва ё аз мо ҷавобҳои муҷмал шунавад.
  • Шумо гапҳои китобии хушку холиро монед, — мегуфт ба донишҷӯе, ки дарсро берун аз доираи китоб надонад. – Дар бораи муносибатҳои инсонӣ аз ҳаёти худ мисол оред.
    Мо дар аввал аз тадриси ғайриоддии ӯ саросема мешудем. Вале бо мурури замон фаҳмидем: Ҳамидзода мехостааст, ки мо ба воқеа ва ҳодисаҳои олами атроф бефарқ набошем, нуқтаи назари худро низ дошта бошем.
    Гуфтаҳои ӯ моро ба андеша мегузошт. Пас аз дарс ба пароканда шудан шитоб намекардем, муҳокимаи мавзӯъ давом меёфт. Як вақт медидем, ки аз пешин гузаштааст ва дар ошхонаҳо ҳама чиз тамом шудааст. Сонӣ хандида-хандида ба хобгоҳ медаромадему бо чою нон қаноат мекардем…

Табрики ногуфта
Анвори офтоб чу пайдо шавад зи Шарқ,
Пайдо бувад, ки чанд бувад равнақи сухо.
Азбайн чанд харбузапазӣ гузашта бошад ҳам, то ҳанӯз ҳеҷ бовариам намеояд, ки Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар байни мо нест. Ҳар гоҳ сари хокаш меравем. Дар даромадгоҳи қабристони Шоҳи Зинда чанд қабри пурдабдаба диққати моро ба худ мекашад. Сангҳои қиматбаҳо, зинаҳои сангин, лавҳаҳои мармарини пурҷилою аксдор пеши назари мо

ҷилвагар мешуд. Дар ҷойи намоён қариб ҷойи панҷ-шаш касро гирифта, яке аз собиқ мансабдорони вилооят «поча дароз» кардааст.

  • Барои курсинишинону серпулҳо, — ба «майдони» калонҳо ишорат карда, бо киноя гуфт ҳамроҳам Мирсафо Камолӣ, — дар ин дунёю дар он дунё ҷой васеъ будааст-дия! Баъзеҳо ба ду газ замин зор, онҳо аз ҳамсоя безор! Мехоҳанд дар зери замин ҳам танҳо ва ҳукмрон бошанд!
    Қабри Ҳамидзода хеле хоксорона менамуд. Дӯстону шогирдон маблағ ҷамъ карда, сари қабраш муҷассамаи ӯро гузоштанд. Ҳамон чеҳраи кушод, нигоҳи пурмаънӣ, чашмони меҳрбор… Мо назди пайкараи олӣ муддате чанд сар ба суҷуд меоварем. Камина бо устоди худ ҳамчун бо одами ҳамеша зинда сухан мегӯям. Ба вай мужда расонданиам, ки нашриёти «Ёш гвардия» шаш ҳаҷвияи ӯро бо номи «Хотири қалб» интишор сохт. Дар деҳаи Боғи майдон як кӯча ва як мактаб бо номи ӯст. Дар хона-музейи устод Айн дӯстон, қаламкашон, ҳамкасбон ҳанӯз ҳам ҷамъ омада, номи неки ӯро ба забон меоваранд.
    Аз ҳама муҳимаш дар вилояти Самарқанд рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Овози Самарқанд» рӯйи чопро дид. Як саҳифаи рӯзномаи ҳокимияти ноҳияи Самарқанд – «Шарқ тонги» ба забони модарии мо нашр мегардад.
    Ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешавад. Пас аз баровардани саҳифаи аввалини он шахсони гуногун табрику таҳният мегуфтанд. Муборакбодиҳо аз ҳар куҷо ва ҳар хел буданд. Қалбамро ҳиссиёти аҷибе пахш карда, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, барои нишаст ҷойи муносибе ёфта наметавонистам. Аммо… аммо дар байни табрикот сухани устоди ғамхору меҳрубон, ҷоннисори миллат, инсони дарёдилу дурандеш Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода набуд.
    Аз амалӣ гардидани орзуи неки мардуми Самарқанд вай низ шоду масрур мегашт, бо маслиҳату машварати худ рӯзномаю саҳифаҳои тоҷикиро пурмӯҳтаво мекард.
    Сад афсӯс, ки қисмат дигар хел амр фармуд. Ӯро аз байни мо хеле барвақт рабуд.
    Он рӯз мо ба ҳаққи устод дуо карда, ба хонаи ӯ воқеъ дар хиёбони Донишгоҳ сар халондем. Дарро ба мо зани мӯяш мошу биринҷ кушод. Ӯ ҳамсари Ҳамидзода Раъно Ҳамидова буд. Бо иҷозати соҳибхона вориди утоқ шудем. Дар меҳмонхона ду ҷевони пур аз китобҳо ба назар мерасид.
    Соҳибхона чой дам кард. сӯҳбати мо беихтиёр дар бораи сарвари оила қарор гирифт.
  • Мо ҳамагӣ панҷ сол хонадорӣ кардем, — оҳи бадарде кашида лаб ба сухан кушод вай, — соҳиби се нафар фарзанд шудем. Ҳаётамон нағз буд. Ягон маротиба аз он кас сухани бад нашунидам. То дами вопасин «шумо-шумо» гуфта, муроҷиат менамуданд. Фарзандҳоро хеле дӯст медоштанд. Ҳамроҳ ба сайру тамошои хиёбонҳо, музею осорхонаҳо мерафтанд.
    Боз як хусусияти неки он кас ин буд, ки бамаззахӯрак набуданд. Ҳар чизеро тайёр кунед, шукр карда, тановул менамуданд. Вақти хӯрокхӯрӣ ва пас аз он ҳам бо рӯзномахонӣ машғул мешуданд. Гоҳо саргарми навис-навис шабро сари миз рӯз мекарданд,Ю лекин дилгир намешуданд, тамоку намекашиданд. Афсӯс, ки…
  • Ҳа, марги ногаҳонӣ, — дилдорӣ карданӣ шудем мо, — аз байн рабуд.
  • Ман ҳам ба тасодуфӣ будани садамаи автомобилӣ боварӣ надорам, — бо афсӯс гуфт вай, — падарарӯсам ҳам, модарарӯсам ҳам, хешу ақрабо, хуллас ҳеҷ кас он воқеаро ҳақиқат пиндошта наметавонад!
  • Ҳоло дили мо ҳам месӯзад, янгамулло…
  • Медонед, — суханашро давом дод вай, — марги он кас ба ману фарзандонаш мисли гурзе буд, ки ба сарамон кӯфта шуд. Пас аз ҷасади он касро ба хок супоридан чӣ қадар азобу уқубат ба сарамон омад, ки ба тасвираш оҷизам. Ноодамӣ ҳамин дараҷа шуд, ки оши солашонро надода, маъмурони идораашон моро тамоман фаромӯш карданд. Пою қадамашонро аз хонаи мо як-як канда гирифтанд…
    Хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Мо беихтиёр аз бепарвоӣ ва фориғболии баъзе одамон ангушти ҳайрат газидем.
  • Шукри Худо, ки дипломи муаллимӣ доштам, — давоми сухан кард мусоҳиби мо, — бон они омӯзгорӣ устухони се нафар фарзандонам шах гардид. Ҳозир онҳо болу пари ман, такягоҳи ман дар ҳар кору тараддуд ҳастанд.
    Оре, ҳоло Далерҷон корманди ҳокимияти шаҳри Самарқанд, Озодҷон корманди идораи корҳои дохилист ва Ёдгорҷон дар мактаби олӣ таҳсил мекунад. Раънохола соҳиби арӯси нозанин шуданд.
  • Акнун ман дар нафақа, — оҳи сабуке кашида гуфт вай, — фарзандонам намехоҳанд, ким ан боз кор кунам, акнун ташвиш накашед, мегӯянд онҳо.
    Вай суханашро тамом накарда,

дар лабонаш табассум гул кард. Аз чӣ бошад, мо ҳам хушҳол шудем ва ҳангоми хайру хуш пай бурдем, ки аз омадани со соҳибхона низ хурсанд шуд. Мо боз аз он шоду масрур будем, ки Раъно Ҳамидова душвориҳои зиндагиро паси сар карда, бо умеди рӯзҳои неки оянда умр ба сар мебарад…

Ба ҷойи хулоса
Дар зодгоҳаш мактабе номи ӯро дошт, ки бо баъзе сабабҳо гирифта шуд. Пас чаро ягон кӯчаи Боғи майдонро ба номи вай гузоштан мумкин нест. Ба пиндошти ман китоби ёдбуди ӯро чоп кардан айни муддаост.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз оқибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ