Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристод

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристод

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад.
Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе бурда шуданд.
Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода мешаванд.
“Онҳо сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон дигар ҷой надоранд, кам мекунанд”, — хабар медиҳад намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсинерҳо муҷаҳҳазанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ