COVID-19: дар Тоҷикистон адади гирифторон ба 522 нафар расид

COVID-19: дар Тоҷикистон адади гирифторон ба 522 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди фавтидагон ва гирифторон ба маризии “вируси корона” ё COVID-19 дар як рӯзи ахир хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ то соати 17:00 – и имрӯз – 8 май теъдоди гирифторони “вируси корона” дар ин кишвар ба 522 нафар расид, ки аз ин шумора 61 мавриди нав мебошад. 
Манбаъ афзуд, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, 2 нафар афзуд ва ба 14 нафар расид.
“Аз ин 522 нафар дар шаҳри Душанбе — 223, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 83, ВМКБ — 18 нафар, Хатлон — 59 ва дар вилояти Суғд 139 нафар бо ташхиси “вируси корона” ошкор шудаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ