Маъруфҷон Мадаминов: ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус кӯмак мекунем

Маъруфҷон Мадаминов: ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус кӯмак мекунем

Маъруфҷон Мадаминов, мудири озмоишгоҳи вабои Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо, қарантина ва бемориҳои сироятии махсусан хавфноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, чигуна табибон ӯзбек метавонанд ба Тоҷикистон дар мубориза ба коронавирус кумак кунанд.
Мадаминов гуфт, лабораторияе, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, метавонад ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.
«Эҳтимол, мо ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ аз коронавирус ворид созем ва таҷрибаи худро дар мубориза бо сироят мубодила кунем. Мо инчунин ҳамкасбони тоҷики худро барои ташхиси лабораторӣ омӯзиш медиҳем ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо дар муайян кардани манбаъҳои сироят кӯмак мерасонем. Мумкин аст, ҳатто тавассути воситаҳои махсус кумак расонем”,- гуфт коршинос.
Вай инчунин илова намуд, ки эҳтимол дорад, аввалин эпидемиологҳои кишвар ба Тоҷикистон рафта, вазъи коронавирусро дар ин кишвар арзёбӣ кунанд ва инчунин муаян созанд, ки онҳо ба чӣ кумакҳо ниёз доранд.
Пас аз ин мутахассисони мо имкон пайдо мекунанд, ки нақша таҳия кунанд ва миқдори корҳоро барои мубориза бо паҳншавии сирояти беморӣ дар ин кишвар муайян кунанд.
Ёдовар мешавем, имрӯз нахустин гуруҳи табибон ва кумакҳои кишвари мо иборат аз лавозимоти тмббӣ бо дастури Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ