ҶАНГҲОИ ХУНХОРТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ

ҶАНГҲОИ ХУНХОРТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ

  • Post category:Ҷаҳон

  1. Муҳорибаи сулолаҳои Син ва Мин
    Муноқишаи ҳарбӣ, ки миёни сулолаи Син, ҳокимони шимолу шарқи Чин ва сулолаи Мин, ҳокимони ҷануби Чин, ба амал омад, дар таърихи башарият яке аз хунхортарин шинохта мешавад. Дар ин муҳориба сулолаи Мин шикаст хӯрда, қариб 25 миллион нафар ба ҳалокат расид.
  2. Ҷанги дуюми Ҷопон ва Чин
    Ин муҳориба солҳои 1937 – 1945 ба вуқӯъ пайваста, дар асри ХХ бузургтарин ҷанги қораи Осиё ҳисобида мешавад. Дар натиҷаи ин муноқиша наздики 25 миллион аҳолии осоиштаи Чин, беш аз 4 миллион нафар ҳарбиёни ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ 30 миллион кушта шуданд.
  3. Ҷанги сеҳокимиятӣ
    Силсилаи муноқишаҳои ҳарбӣ, ки солҳои 220 — 280 дар Чини Қадим ба вуқӯъ омадаанд. Тӯли ин солҳо се кишвар – Вэй, Шу ва Ву ба ҳам меҷангиданд, то давлати ягона таъсис дода, онро идора намоянд. Бар асари ин муҳорибаҳо наздики 40 миллион нафар ҷони худро аз даст додааст.
  4. Забткориҳои муғулон
    Муаррихон тохтутозҳои муғулонро дар асри XIII дар таърихи инсоният яке аз хунхортарин меҳисобанд. Зеро дар ин давра ба онҳо муяссар гашт, ки қисми зиёди Осиё ва Аврупои Шарқиро забт намоянд. Дар натиҷа қариб 70 миллион нафар ба ҳалокат расид.
  5. Ҷанги дуюми ҷаҳон
    Дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи он зиёда аз 100 миллион нафар (беш аз 30 давлати дунё) иштирок кардааст. Бино ба маълумоти таърихнигорон, бар асари задухӯрдҳои шадид дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки соли 1939 оғоз гашта, 1945 ба поён расид, қариби 85 миллион нафар ҷон бохт. Ба ҳамин сабаб, онро дар таърихи инсоният чун муҳорибаи хунхортарин эътироф кардаанд.
    Таҳияи Ш.ШОКИР
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ