Шуморо ёд кардем мо падарҷон… (Ба хотираи поки профессор Амон Воҳидов мебахшам)

Шуморо ёд кардем мо падарҷон… (Ба хотираи поки профессор Амон Воҳидов мебахшам)



Бесабаб нест, ки падарро “падари бузургвор” меноманд. Зеро, дар ҳаёти ҳар як шахс дигар нафаре нест, ки чун падару модар ғамхору меҳрубон бошад. Маънои инро бо гузашти солҳо хубтар дарк мекунам. Падарҷонам на танҳо моро тарбия намудаанд, балки ҳаёти моро чун нурҳои ҳаррини офтоб нурпошӣ намуда, равшан сохтаанд. Ин ҳақиқати зиндагӣ мебошад.
Падар барои фарзанди худ як пойгоҳи мустаҳкам, такягоҳ ва шаҳаншоҳи ҳақиқату адолат аст. Ӯ ҳамеша тайёр аст, ки ҳаёти худро баҳри осудагиву ҳаёти дурахшони фарзандонаш зери хатар гузорад, то ки ҷигарбандонаш дар роҳҳои пур печутоби зиндагӣ пешпо нахӯранд. Ҳоло хуб ҳис мекунам, ки ҳурмату эҳтироми волидон ва ба нону намаки онҳо ҷавоби муносиб гардондан вазифаи аввалиндараҷаи инсонии ҳар яки мо мебошад.
Падарҷонам, равшантараш дили падарҷонам чун осмон беғубору фарох буд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба ҳама некӯ намояд, мушкили нафареро сабук гардонад. Дар бобати саховатмандиву меҳрубонӣ ҳеҷ кас ба вай баробар шуда наметавонист. Ҳа, чунин дили беҳамто дошт падарҷонам. Вай марди оила буд ва ҳар яки моро баробар медонистанд. Он кас ҳою ҳавасро намепазируфтанд, танҳо ошуфтаи зебогӣ буданд. Ба ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборон ниҳоят ширинсухану боэътибор ва меҳмондӯст буданд. Хислатҳои наҷиби падарамро номбар кардан мушкил аст. Ба худои меҳрубон ҳар вақту ҳар соат шукронаҳо мегӯям, ки маро бо ҳамин гуна инсони бузург мукофотонидааст, ки ман фарзанди як инсони беҳамто ҳастам. Ман аз падарам хеле миннатдорам ва ифтихор мекунам, ки фарзанди ӯ мебошам. Ҳоло хуб дарк мекунам, ки дар зиндагиам ҷойи падарам беназир будааст.
Дар ҳақиқат, волидони мо бароямон бебаҳо, гавҳари ноёб ҳастанд. Онҳо аз рӯзи тавваллуд шуданамон то имрӯз моро эҳтиёту эҳтиром намуданд, парвариш карданд, хӯронданду пӯшонданд ва дар чорроҳаҳои зиндагӣ раҳномоӣ карданд.
Суханҳои дил, ки ба падарам изҳор накардам…
Дар 85-солагии зодрӯзи падарҷонам, мехостам, ки он касро бо суханҳои нек табрик намоям, он ниятҳое, ки дар қаъри дилам меистоданд, ба падарҷонам изҳор намоям. Аммо сад афсӯс, ки он суханҳо дар дили ман монданд. Ҳаёт ҳақиқати худро маротибаи дигар нишон дод, ки ба ҳар як бандаи мӯъмин омадан ҳасту боз рафтан…
Падарам ба тарбияи мо аҳамияти алоҳида медоданд. Вақтҳои хурдсолиамон дар хонаамон магнитафон доштем. Падарам ба он зарбулмасалу мақолҳои тарбиявиро бо овози худ хонда сабт мекард. Ва ҳар рӯз мо онро бо як ҳиссиёти ҳаяҷоновар гӯш мекардем. Падарам ҳамеша сӯи мақсади ягона кӯшиш мекард, ки оилаамон тинҷу осуда ва ба ҳамдигар бамеҳру баоқибат бошем ва баҳри ояндаи Ватанамон хизмат намоем. Мехостанд, ки мо – фарзандонашон дардкашу дардошнои халқ бошад. Барои ин аввало худ намунаи ибрат мешуданд.
Солҳои дароз маро меҳру муҳаббат ва самимияти нисбати якдигар доштаи падару модарам дар ҳайрат гузоштааст. Онҳо ба якдигар хеле меҳрубону ширинсухан буданд. Модарам падарамро хеле дӯст медоштанду ҳурматашон мекарданд. Ҳамеша аз хӯроку сару либоси падарам бохабар буданд. Дар гашти пиронсолӣ низ пойафзол ва сару либоси падарамро худашон ба тартиб меоварданд. Ин албатта барои мо дарси ибрат буд. Зеро ҳоло ин хислатҳои наҷиб ба ҳамаи мо фарзанду келин ва ҳатто набераҳо муҷассам гаштааст.
Имрӯз гуфта метавонам, ки падару модарам ҳаёти хеле пурмазмун диданд. Онҳо 53 сол бо ҳам аҳилу тифоқ ва бо муҳаббати самимӣ зиндагӣ намуданд. Ин аст, ки баъди вафоти модари меҳрубонам падарам хеле рӯҳафтода шуданд. Зеро модарам, дардошнову ҳамфикри падарам буданд. Падарам то охири умр, бо ёди модарам зиндагӣ намуданд. Ягон рӯзе набуд, ки модарамро вирди забон наоварда бошанд. Ҳар лаҳза хислатҳои модарамро ёдовар шуда, ба хотираи некашон дуо мехонданд. Ба хотираи покашон шеърҳо менавиштанд. Худро бо эҷоди шеър ва машғулотҳои варзишӣ банд мекарданд.
Вақте ки аз падарам ҷудо шудем, гӯё дунё ба назарам торик гардид. Дар ҳамин гуна рӯзҳо суханҳои падарам ба хотирам меояд. “Босабру субот бош, ба ҳар рӯзат шукронаҳо хон” мегуфтанд, падари ҷаннатиам. Имрӯз ман ҳам аз фироқи падарам ба ғайр аз сабр дигар чорае надорам.
Ҳар вақте ки ба хонадони падариам ворид

мешудем, аввало моро падарам бо чеҳраи кушодаву табассуми ба худ хоси зебанда пешвоз мегирифтанд. Ҷойи кории он кас барояшон хеле азиз буд. Агар мо ҳангоми бо кор машғул будани он кас оем, бояд халал нарасониданамон лозим буд. Касби худро хеле дӯст медоштанд. Бинобар ин, то охири умр аз пайи ҷустуҷуйҳои илмӣ шуданд. Падарам муаллифи беш аз 10 китоб ва зиёда аз 100 адад мақолаву очеркҳо мебошанд. Инчунин, муаллифи китоби дарсии “Забони модарии синфҳои 3, 7, 11” мебошанд. Хуллас, дар бобати таълиму тарбия низ ҳиссаи муносиби худро гузоштаанд.
Падарам ба таълиму тарбияи набераҳо низ эътибори алоҳида медоданд. Вақтҳои холии худро ба санҷиши дониши наберагон ва таълими онҳо мебахшиданд. Аз мо фарзандон низ талаб мекарданд, ки ба фарзандонамон боэътибор бошем, то ки онҳо дар оянда инсонҳои комил шуда бавоя расанд.
Мо фарзандон – Шаҳриёр, Ҷамшед, Гулҷаҳон ва Гулноза бо падару модари худ ифтихор мекунем ва ҳамеша хотираи поки онҳоро пос медорем. Илоҳо рӯҳашон поку охираташон обод бошад.
Аз номи фарзандон Гулноза Воҳидова.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ