Имрӯз дар кишварамон Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ва 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз дар кишварамон Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ва 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар тадбирҳои тантанавӣ дар Тошканд иштирок кард.
9-уми май Президенти кишвар ба боғи Ғалаба, ки ба муносибати ин санаи пурарзиш сохта шудааст, ташриф овард.

Халқи Ӯзбекистон дар ғалабаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст. Аммо ягон комплексе вуҷуд надошт, ки ин далериро дар миқёси комил нишон диҳад. Соли гузашта Президент як боғи бузург бунёд кард ва ташаббусро барои абадӣ гардонидани қаҳрамонони халқамон гузошт.
Пас аз ин, дар асоси пешниҳодҳои ҷомеаи илмиву эҷодӣ ва таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ консепсияи бадеӣ ва меъморӣ таҳия карда шуд. Роҳбари давлат бо лоиҳаҳои ин соҳа чандин маротиба шинос шуд. Дар ноҳияи Олмазори Тошканд зиёда аз 12 гектар замин ҷудо карда шуда, корҳои бузурги сохтмон ва ободонӣ анҷом дода шуд.
Боғи Ғалаба аз ду қисм иборат аст, ки ҳар яки он мавзӯи алоҳида дорад. Якум тасвири иштироки ӯзбекҳоро дар набардҳо, дуюм тасвири зиндагии республикаи моро дар паси ҷанг тасвир мекунад.
Нахуст, Президенти кишвар ба маҷмӯаи ёдгории “Матонат мадҳияси”(«Суруди далерӣ» ) гулчанбар гузошт.
Муҷассама мазкур образи бадеӣ не, он ба воқеаи воқеӣ асос ёфтааст — ҳақиқат дар бораи модар ва оилаи ӯ.
Зулфия Зокирова, ки дар деҳаи Ханободи ноҳияи Зангиоти вилояти Тошканд зиндагӣ мекунад, як нафарро не, балки панҷ писарашро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ — фарзандони маҳбуби худ Исакҷон, Аҳмадҷон, Мамажон, Ваҳобҷон, Юсуфҷонро аз даст дод. Чор келини ӯ бевазан буданд ва панҷ наберааш ятим монданд. Келинҳои хонадон низ аз паи Зулфияойтӣ пайравӣ намуда, ба оилаашон содиқ мондаанд ва дигар издивоҷ накарданд.
Соли гузашта, дар Рӯзи хотира ва қадршиносӣ, Президент пешниҳод намуд, ки бахшида ба хотираи поки Зулфия Зокирова ва панҷ писари ӯ, ки аз фронт барнагашта буданд, инчунин келинони содиқи ӯ як ҳайкале бунёд кунанд ва онро «Суруди далерӣ» ном гузоранд. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи мо сахт дастгирӣ карда шуд. Дар мавзӯъ мақолаҳо, шеърҳо ва филми бадеӣ таҳия карда шуданд.
Имрӯз, дар маркази боғи Ғалаба муҷассамаи боҳашамат қад афрохтааст.

  • Ин барои ҳама модарони Ӯзбекистон ёдгорист, — гуфт Шавкат Мирзиёев. «Ин муҷассама як макони ёдгорӣ барои тамоми халқи мо, ки рамзи оила, муҳаббат ва садоқат хоҳад шуд. Ҷавононе, ки ба ин ҷо меоянд, мекӯшанд сифатҳои хуби миллати моро дарк ва қадр намоянд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ