Дар Ӯзбекистон Ассотсиатсияи сайёҳии сотсиалӣ ташкил гардид

Бо мақсади фарогирии тамоми тоифаҳои сайёҳон ва барои онҳо бунёд кардани шароити мусоид Ассотсиатсияи сайёҳии сотсиалии Ӯзбекистон ташкил гардид. Вазифаи асосии он аз зеринҳо иборат аст: — барои фарзандони ҳамдиёрони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои эҳтиёҷманд гузаронидани аксияҳои хайриявӣ; — кӯмак додан дар фароҳамоварии шароитҳо ба саёҳати шахсони имконияташон маҳдуд; — дар соҳаи туризми сотсиалӣ коркарди барномаҳои давлатӣ, иштирок намудан дар коркарди лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қарорҳои дигар, амалигардонии назорати ҷамоатӣ; — дар доираи ривоҷи туризми инклюзивӣ барои бачаҳо, ҷавонон, вакилони тоифаи сеюм, инчунин барои касони ногироидошта кӯмак расондан дар ташкили туризм ва экскурсияҳо ва ғайра.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ