Русия: дар як шабонарӯз 5308 нафар гирифторони коронавирус сиҳат гардиданд

Русия: дар як шабонарӯз 5308 нафар гирифторони коронавирус сиҳат гардиданд

  • Post category:Ҷаҳон


Аз дармонгоҳҳои Русия давоми як шабонарӯзи ахир 5308 нафар ҷавоб шуданд. Вале дар ҳамин муддат боз 10817 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории коронавирус сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Ба ҳамин минвол бо ошкор шудани ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба ин беморӣ, теъдоди умумии дардмандон дар Русия ба 198 676 нафар баробар шуд.
Маскав ҳамоно аз лиҳози теъдоди бештари мубталоёни коронавирус дар ҷойи аввал ҷой дорад. Танҳо дар як шабонарӯзи ахир дар пойтахти Русия 5667 ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуд.
Зикр мегардад, ки синну соли аксари мубталоён ба коронавирус аз 65-сола поён мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ