Вазири тандурустии Тоҷикистон ба Алишер Шадманов изҳори сипос кард

Вазири тандурустии Тоҷикистон ба Алишер Шадманов изҳори сипос кард

Рӯзи 8 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Ӯзбекистон Алишер Шадманов телефонӣ суҳбат карда, барои фиристодани кумак изҳори сипос кард.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, нахуст вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
Зимни суҳбат таҷрибаи табибони кишвари Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони сирояти коронавируси нави  COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муосидат намудани онҳо ба ҳамтоёни  хеш ҷиҳати табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад.
Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19, ки имрӯз  саросари оламро фаро гирифтааст,  омодагии хешро иброз намудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ