100 ҲАЗОР ТОННА ТАРБУЗ СОДИР КАРДА МЕШАВАД

100 ҲАЗОР ТОННА ТАРБУЗ СОДИР КАРДА МЕШАВАД

Парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содирот аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Вохӯрие, ки таҳти сарварии ҳокими вилояти Қашқадарё З. Мирзаев бо деҳқонон ва содиркунандагони тарбуз дар деҳаи Кӯкдалаи ноҳияи Чироқчӣ баргузор гардид, маҳз ба ҳамин масъала бахшида шуд.
Бояд қайд кард, ки деҳқонони деҳаи Кӯкдалаи ноҳияи Чироқчӣ дар парвариши тарбуз таҷрибаи нодир доранд. Албатта, ба замини лалмӣ об бароварда, бо кишоварзӣ шуғл варзидан кори осон нест. Аммо деҳқонон роҳи ин корро пайдо мекунанд. Чоҳҳои артезиан кофта, аз чуқурии 100-150 метр об бароварда, майдонҳои тарбуз обёрӣ карда мешаванд. Айни ҳол дар ниҳолҳои аввали сол дар гармхонаҳои махсуси сунъӣ шинонидашуда тарбузҳои ҳар якаш на камтар аз 4-5 килограммаи содиротбоб пухта мерасанд. Деҳқонон мегӯянд, ки пас аз чанд рӯз онҳо ғарқ пухта, барои фурӯш омода мешаванд.
Имсол сокинони Кӯкдала ният доранд дар 14 000 гектар тарбуз парвариш кунанд. Дар 5 ҳазору 30 гектар замин тарбузи барвақтӣ, 4 ҳазору 718 гектар тарбузи миёна кишта шуда бошад,  дар майдони 4 ҳазору 252 гектар кишти тарбузи дерӣ ба назар гирифта шудааст. Деҳқонон ният доранд, ки 100 ҳазор тонна тарбузро ба 7 кишвар содир кунанд.
Дар вохӯрӣ бо соҳибкорону фермерҳои содиркунанда ҳокими  вилоят дар бораи пурра ба содирот равона намудани тарбузи имсола   сухан ронда, таъкид намуд, ки барои ин тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Вай инчунин қайд кард, ки потенсиали содиротии минтақа паст боқӣ монда, мева ва сабзавоти дар минтақа парваришёфта тавассути дигар минтақаҳо содир карда, имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда намешаванд, дар натиҷа на танҳо иқтидори содиротии минтақа коҳиш ёфта, деҳқон  низ нафъ намебинад. Вай таъкид кард, ки минбаъд ба чунин вазъ роҳ дода нахоҳад шуд ва ҳама корҳо оид ба содирот таҳти назорати қатъӣ қарор мегиранд.
Бино ба гуфти ҳоким, имсол дар ноҳияи Чироқчӣ 9 000 гектар замини корам азхуд карда мешавад. Барои сохтмони чоҳҳои артезиан 13 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. Умуман, дар солҳои наздик дар ноҳия 19 000 гектар замини лалмӣ ба майдонҳои обёришаванда табдил дода мешавад.
– Имконият ҳаст, шароит кофист, танҳо одами кордон лозим, аввал харидорро  пайдо карда,  баъд зироат кошта шавад, дар интихоби тухмӣ хато накардан аз масъалаҳои муҳимтарин аст, – таъкид намуд ҳокими вилоят.
Вай соҳибкоронро даъват кард, ки дар рӯёндани маҳсулоти серхаридор ва содиротбоб дар майдонҳои кишти такрории имсола ҳамкорӣ кунанд. Ӯ оид ба ин масъала андешаҳои онҳоро шунид. Ба мансабдорон дастур дод, ки ба ин самт сармоягузорони хориҷӣ бештар ҷалб карда шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот андешаҳои сармоягузорони эронӣ, ки ният доранд хатти истеҳсоли шарбати тарбузро бунёд кунанд, шунида шуд ва қайд гардид, ки дар ин масъала тамоми шароит муҳайё карда мешавад. Дар маҷлис инчунин мушкилиҳои якчанд соҳибкор шунида шуда,  барои ҳаллу фасли ҳарчи зудтари онҳо вазифаҳо муайян шуданд.
Пас аз он иштирокдорони чорабинӣ бо роҳбарии ҳоким пайкали тарбузро аз назар гузаронда, дар бораи нақшаҳои оянда суҳбат карданд.

Ӯ. БАРОТОВ, 
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ