Президент ба Маркази перинатали Чилонзор рафт

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дирӯз ба Маркази перинатали дуюм, ки дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд бунёд гардидааст, рафт. Ба Роҳбари давлат раиси Администратсияи Президент З.Низомиддинов, раиси Хизмати бехавфии давлатӣ А.Азизов, Вазири Мудофиа В.Қурбонов, Сарфармондеҳи Гвардияи миллӣ Р.Мирзоев ва Вазири Вазорати ҳифзи тандурустӣ А.Шодмонов ҳамроҳӣ намуданд. Қайд мегардад, ки дар маркази мазкур дар асоси таҷрибаҳои клиникаҳои пешсаф қулаиҳои замонавитарин бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми он поликлиникаи бисёрсоҳавӣ, дар ошёнаҳои баланд хонаи беморон, хонаҳои амалиёти амалӣ, аз ҷумла, шӯъбаи реаниматсияи навзодҳо ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо дар як вақт 140 нафар беморро даво кардан мумкин. Президент бо шароитҳои дар марказ муҳайёгардида шинос шуд. Бо воситаи барномаи Askdoctor.uz — и поликлиника бо шифокорон мулоқот кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ