Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон нотаи эътироз супорид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон нотаи эътироз супорид

  • Post category:Ҷаҳон

Ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, Жениш Рустамбеков нотаи эътироз супорида шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
«Ба сафир барои амалҳои иғвогаронаи мардум ва низомиёни Қирғизистон, ки ба тирпарронӣ оварда расонд, нотаи эътирози Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд», — омадааст дар хабарнома.
Дар паи гуфтушунид ҳамаи ҷавобгарӣ барои номуътадил кардани вазъият дар марз, бар дӯши ҷониби Қирғизистон гузошта шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб кардааст, ки амалҳои иғвогаронаро бо истифодаи силоҳ, хотима бахшанд ва қазияи даргирии рӯзи 8 май дар марзро тафтиш карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ