Русия: адади гирифторони коронавирус аз 200 ҳазор нафар гузашт

Русия: адади гирифторони коронавирус аз 200 ҳазор нафар гузашт
  • Post category:Ҷаҳон

Теъдоди бемороне, ки дар Русия ба коронавирус гирифтор шудаанд ба 209 ҳазор нафар расидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Дар маҷмӯъ, давоми як шабонарӯз 11 012 ҳолати нав ошкор карда шудааст.
Шумори умумии фавтидагон бошад ба 88 нафар расида, ин омор дар умум ба 2 ҳазор наздик мешавад.
Гуфта мешавад,  давоми як шабонарӯз ҳамчунин тақрибан 2390 нафар шифо ёфта шумораи умумии табобатшудагон ба  34 ҳазор нафар мерасад.
Тибқи маълумоти Роспотребнадзор, ҳамчунин дар як шабонарӯз беш аз 200 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст (дар тамоми вақт 5,4 миллион).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ