Коронавирус: шумораи гирифторон аз чор миллион гузашт

Коронавирус: шумораи гирифторон аз чор миллион гузашт

  • Post category:Асосӣ

Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллиону 24 ҳазору 737 нафар расидааст.
Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин, ки нахустин маркази сирояти беморӣ мебошад, пас аз Эрону Туркия дар ҷойи 11 қарор гирифта, аз даҳгона хориҷ шуд. Русия бошад дар зинаи 5 қарор дорад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 343937 нафар), Испания (223 578), Италия (218 268), Британияи Кабир (215 260), Русия (198 676) Олмон (171 324), Бразилия (156 061) Фаронса (138 854), Туркия (137 115) ва Эрон (106 220)  дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ