Дар Тошканд 14 нафар аз бемории коронавирус батамом сиҳат шуда баррмаданд

Дар Тошканд 14 нафар аз бемории коронавирус батамом сиҳат шуда баррмаданд

Шумораи умумии табобатшудагон ба 1870 нафар расид.

Дар клиникаи Институти таҳқиқотии вирусологияи Тошканд 10 нафар, дар клиникаи Институти илмии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ 4 нафар, ҳамагӣ 14 нафар гирифторони сирояти коронавирус комилан шифо ёфтанд. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурусӣ хабар дод.

8 бемор аз клиникаи Институти таҳқиқоти вирусологиятТошканд, 1 нафарӣ аз Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва аз вилояти Андиҷон мебошанд. Ҳашт нафари онҳо тавассути тамос бо одамоне, ки бо коронавирус сироят ёфтаанд, мубтало шуданд. Ду нафари дигар аз Русия омадаанд ва ба карантин гирифтаанд. Пас аз он ки коронавирус муайян карда шуд, вай ба клиника ҷойгир кврда шуд. Аз беморон 6 нафарашон мардон ва 4 нафар занон буданд.

Калонтарини онҳо марди 78-сола ва хурдтаринаш 22-сола аст.

Дар Тошканд то имрӯз 561 бемор табобат карда шуда буданд ва ҳоло ба 575 нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, 1870 нафар дар саросари кишвар аз сирояти коронавирус пурра шифо ёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ