Соронбой Жээнбеков 3000 зиндониро афв кард

Соронбой Жээнбеков 3000 зиндониро афв кард


Соронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон тибқи як фармон 3000 зиндониро афв кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба хабаргузории Форс.
Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Қирғизистон ба муносибати солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солгарди инқилоби 2010, дар ҳукме 3000 зиндониро озод кард.
Тибқи фармони раисҷумҳур, афроди бо синни бештар аз 55 сол, маълӯлон, зиндониёни дучори бемориҳои уфунии хатарнок, бевазаноне, ки дорои фарзанд ҳастанд, озод мешаванд.
Бино бар иттилои мнабаъ фармони мазкур дар Маҷлиси Қирғизистон низ тасвиб шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ