Дар Тоҷикистон прокурор аз сирояти бемории коронавирус вафот кард

Прокурори ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримов бар асари бемории сироятии коронавирус даргузаштааст. Дар ин бора шабакаи «Ахбори Тоҷикистон» хабар медиҳад . Дар манбаъ оварда шудааст, ки ӯ варзишгари муваваффақ низ буд.
Номбурда 7 карат Қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи юнонӣ-румӣ ва ҷоизадори чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон будааст. Инчунин, сокинони ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки прокурор Карим Каримов шахси хоксор буд ва ҳамеша дасти ниёзмандонро мегирифт.
10 май дар шаҳри Душанбе таҳти чораҳои шадиди санитарию эпидемиологӣ маросими дафни прокурори ноҳияи Файзобод паҳлавони номдор Каримов Каримов доир шуд. Ба гуфтаи наздикони марҳум, Карим Каримов баъди як ҳафтаи табобат соати чори субҳи 10 май дар бемористони Файзобод аз олам чашм пӯшидааст. 
Наздикони Карим Каримов хабар додаанд, ки ҷанозаи ӯро субҳи 10 май оварда, дар назди хонаашон, воқеъ дар кучаи Неъмат Қарабоев ҳамагӣ барои 5 дақиқа ба модараш нокушода нишон доданд ва боз гирифта бурданд. “Ҷасади Карим дар кӯрпаи навъи одеяло печондагӣ буд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳамагӣ 5 дақиқа истод дар назди хона ва боз ҳаракат кард. Ҷасадро нафароварданд аз мошин…” – нақл карданд наздикони марҳум.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ