Рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов кист?

Рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов кист?
  • Post category:Ҷаҳон


Рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғистонӣ ва қаҳрамони UFC барои рақобати ояндаашд маълум гашт.
Дана Уайт, президенти UFC қаблан эълон кард, ки ғоли рақобати Тони Фергюсон ва Ҷастин Гэтжи бо размикори доғистонӣ муҳориба хоҳад кар.
Рӯзи гузашта мусобиқаи UFC 249 дар Ҷексонвилл (Флорида) доир гашт, ки дар он Фергюсонро шикаст дод.
Ҳамин тавр тибқи гуфтаи раҳбарияти UFC Ҷастин Гэтжи рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов хоҳад шуд.
Пас аз мубориза бо Фергюсон Ҷастин Гэтжи камарбанди муваққатии қаҳрамони UFC -ро ба замин партофт. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин корро кардааст, варзишгар ҷавоб додааст, ки камарбанди ҳақиқияшро мунтазир аст.
«Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чор сол инҷониб барои чунин озмоишҳо кор мекунам ва шодам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин муборизи Доғистон ё Русия намояндагӣ мекунам. Вай дар 28 дидор 28 ғалаба ба даст овардааст. Ман вазифаи дигареро намехоҳам, ман мехоҳам бо он мубориза барам”,-гуфтааст, Гэтҷи.
Нурмуҳаммадов низ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст: «Дар ин варзиш ва махсусан дар ин вазн ҳама вақт шерҳои гурусна дар пушти шумо нафас мекашанд. Агар шумо истироҳат кунед, хотима хоҳед ёфт. Баъзеҳо тарк мекунанду дигарон меоянд ва ин чизи ҳайратовар нест. Ман пеш аз тир афтодан намехоҳам. Мо то ҳол мубориза хоҳем бурд. ”Навиштааст Нурмуҳаммадов.
Муҳорибаи навбатии Ҳабиб қариб баъди як соли танаффус дар назар аст, тирамоҳи соли ҷорӣ доир шавад.
Қаблан худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ