Эрон: дар 24 соати гузашта 1383 бемори нав ба қайд гирифта шуд

Эрон: дар 24 соати гузашта 1383 бемори нав ба қайд гирифта шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран ба хабарнигорон гуфтааст, ки то кунун дар ин кишвар 86 143 нафар аз мубталоён ба коронавирус беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории «Парстудей»
Вай афзуд, ки дар Эрон дар 24 соати гузашта 1383 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд.
“То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 107 603 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд”, — таъкид доштааст Ҷаҳонпур.
Вай ҳамзамон гуфт, ки дар 24 соати охир фавти 51 нафар сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол шумори фавтидагон аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 640 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ