Сарвазирони Ӯзбекистон ва Қазоқистон корҳои сохтмони шаҳраки нави ноҳияи Мактааралро оғоз карданд

Сарвазирони Ӯзбекистон ва Қазоқистон корҳои сохтмони шаҳраки нави ноҳияи Мактааралро оғоз карданд

Сарвазирони Қазоқистон Аскар Мамин ва Ӯзбекистон Абдулла Арипов бо нақшаҳои сохтмони маҳаллаи наве, ки дар маркази маъмурии ноҳияи Мактаарал — деҳаи Мирзакент бунёд мешавад, аз наздик шинос шуда, дар маросими гузоштани ғишти аввалини хонаҳои истиқоматӣ иштирок карданд.
Дар шаҳракҳои Зенис, Ҷанатурмис ва Достик дар деҳаи Мирзакент, ки аз обхезӣ зарар диданд, сохтани хонаҳои инфиродӣ, мактабҳо, кӯдакистонҳо ва марказҳои тиббии миёна барои 500 оила пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ