COVID -19: Русия аз рӯи шумораи сироятшудагон ба ҷойи сеюм баромад


Русия аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон, ба мақоми сеюм баромад. Дар ин бора торномаи Worldometers, ки маълумоти умумиҷаҳонро доир ба мубталоёни коронавирус нашр мекунад, хабар додааст.
Бино ба маълумоти ситоди фаврӣ, дар Русия, то 11 май дар бадани 221,3 ҳазор кас коронавируси навъи COVID -19 ба қайд гирифта шудааст.
Танҳо шабонарӯзи ахир дар 84 минтақаи Русия 11 656 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Нахустин мубталоёни коронавирус дар Русия ду шаҳрванди Чин буданд, ки 31 январ дар бадани онҳо вируси навъи COVID — 19 сабт шуд.
То рӯзи 7 май Русия аз рӯи бештарин шумораи гирифторони коронавирус дар мақоми панҷум қарор дошт. Рӯзи душанбе бошад, Русия аз Италия ва Бритониё, ки 219 ҳазор бемор доранд, пеш гузашт.
Дар ин феҳрист ИМА аз рӯи бештарин гирифторони вирус — 1,3 миллион бемор дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Дар ҷойи дуюм Испания бо 264,6 ҳазор бемор қарор дорад.
Ситоди фаврӣ қайд мекунад, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 94 кас фавтида, шумораи умумии қурбониёни вирус марзи 2 ҳазорро убур кард.
Дар баробари ин манбаъ қайд мекунад, ки шабонарӯзи гузашта аз беморхонаҳои кишвар 5,5 ҳазор кас мураххас шудаанд. Шумораи умумии шифоёфтагон дар Русия ба 39,8 ҳазор кас расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ