Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ баргузор мешавад

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ баргузор мешавад


Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ дар шакли конфронси алоқаи видеоӣ таҳти раёсати вазири корҳои хориҷиимамлакат Абдулазиз Комилов баргузор мешавад.
Сарони кишварҳои ИДМ ба вохӯрии ғайрирасмӣ бо Путин дар Петербург гирдиҳам меоянд.
Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар кори конфронси видеоӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон ва Туркманистон, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, дар ҷаҳорчӯби мулоқот оид ба масоили муҳими байнулмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳод, рафти амалисозии Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ дар соли 2019 ва Нақша барои соли 2020, инчунин роҳу воситаҳои муқовимати муштарак бар зидди паҳншавии коронавирус табодули назар сурат мепазирад.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа имзои як қатор санадҳо дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ