Латифаи рӯз                ИЛОҶИ ГӮЛ ЗАДАНИ МАРДУМ

Латифаи рӯз ИЛОҶИ ГӮЛ ЗАДАНИ МАРДУМ

  • Post category:Фарҳанг

Марде бо даҳонпӯшак барои хариди молу маҳсулот ба магазини хӯроквории маҳалла даромад ва бо овози баланд ба ҳама шунавонида гуфт:
-Ба қоидаҳои карантин риоя карда, аз ман дуртар истед. Фосилаи думетраро нигоҳ доред. Эҳтиёт — ними ҳаёт!
Чаро вай инро ҳар рӯз бо овози баланд такрор мекард, ҳама ҳайрон.
Баъди чизҳои заруриашро харида баромада рафтани он мард яке ҳайратомез ба дигарон рӯ овард:
-Ба вай чӣ ҷин задааст, ки ҳар рӯз ин хел қоидадонӣ мекунад?
-Ҳеҷ чиз не, — гуфт як ҳамсояи ҳолдонаш. – Фақат нӯшидагӣ. Майзада-дия, каратин баҳона, дар моҳи шарифи Рамазон барои нафаҳмидани бӯйи арақи даҳонаш вай ҳамин хел мегӯяд.

Бахтиёри ҶУМЪА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ