Пешниҳоди ба Шавкат Мирзиёев додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

Пешниҳоди ба Шавкат Мирзиёев додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

  • Post category:Ҷаҳон

Сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон, шолипарвар Ҳоҷӣ Муҳаммадисо пешниҳод кардааст, ки ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
Ҳоҷӣ Муҳаммадисои 70-сола бар ин назар аст, ки барои сарвари давлати Ӯзбекистон ин мукофоти арзанда аст.
“Баъди сари мансаб омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни давлатҳо куллан тағйир ёфтанд. Сиёсати беҳбуди муносибатҳо бо Тоҷикистон, ки сарвари давлати Ӯзбекистон пеш гирифт, дарҳол аз ҷониби мардуми ҳар ду кишвар дастгирӣ ёфт. Дар ҳамдастӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҳамаи мушкилоти солҳои тӯлонӣ ҷойдоштаро дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ҳал кард”, — гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, кумаки ҳозира ҳам, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расонида истодааст, бояд ба инобат гирифта шавад.

Муаллиф: Аваз Юлдошев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ