Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи ҷамъшуда дар фонди мубориза алайҳи коронавирусро эълон кард

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи ҷамъшуда дар фонди мубориза алайҳи коронавирусро эълон кард

  • Post category:Ҷаҳон

 Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат ба ҳолати 12 майи соли ҷорӣ ба суратҳисобҳои мазкур 6,3 млн сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллари амрикоӣ ворид гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол ягон сомонӣ аз ин маблағҳо масраф нашудааст.
Манбаъ мегӯяд, маблағҳои мазкур дар асоси супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хароҷот карда мешаванд.
Вазорат гуфтааст, ҳисобот дар бораи истифодабарии маблағҳои болозикр дар сомонаи ин ниҳод ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр карда мешавад.
Ин нищод гуфтааст,  сарфаи маблағҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия санҷида хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ