Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристод

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ фиристод

  • Post category:Ҷаҳон

Ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон нақлиёти ёрии таъҷилӣ ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат. 
«Имрӯз, дар шароити бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, зарурати муассисаҳои тиббӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ афзоиш ёфтааст. Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд”,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ, ҳар як нақлиёти фиристода барои кормандони тиб ҳамчунин таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ дошт.

Гуфта мешавед, мошинҳо барои тақсимоти минбаъда дар байни муассисаҳои тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Истеҳсоли ин мошини махсус дар пойгоҳи Дамас аз ҷониби УзАвто Моторс  соли 1996 таъсис ёфтааст. Нақлиёти мазкур  барои интиқоли беморон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ тарҳрезӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ