Дар Афғонистон ба тавлидхона ҳамла карданд

Ду кӯдаки навзод кушта шуданд

Ба яке аз зоишгоҳҳои Афғонистон субҳи рӯзи сешанбе афроди мусалаҳ ҳамла карданд, ки дар паи он гуруҳи терорристии ДИИШ масулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, иттилоъ медиҳад ИРНО.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамла 14 ғайри низомии афғон аз ҷумла ду навзод кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ