Корхона фаъолияти худро давом медиҳад

Корхона фаъолияти худро давом медиҳад


Бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус фаъолияти аксар корхонаҳо муваққатан боздошта шуд. Лекин барои таъмини барқарорсозии иқтисоди мамлакат ва эҳтиёҷи мардум бояд ҷараёни кор давом ёбад. Бо ҳамин мақсад, аз тарафи Президенти мамлакат дар ҷамъомадҳои видеоселекторӣ доир ба давом додани фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар давраи карантин чорабиниҳои зиёд андешида мешавад.
Аз рӯйи маълумотҳо, дар ҳудуди ноҳия 573-то корхонаи давлатӣ ба рӯйхат гирифта шуда, аз он 532-то корхона фаъолияти худро давом медиҳад. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 3 ҳазор нафар кор мекунанд.
Яке аз чунин корхонаҳо “Камалак инвест текстил” мебошад.
Маҳсулоти корхонае, ки дар давоми сол зиёда аз 6 ҳазор тонна пахтаро аз нав коркард мекунанд 100 фоиз ба кишварҳои хориҷӣ, яъне Туркия ва Хитой экспорт карда мешавад, – мегӯяд Сармуҳандиси корхонаи «Камалак инвест текстил»-и ноҳия Асрорбек Собиров. – Таҷҳизоти корхона аз Шветсария оварда шуда, дар корхона дар 4 баст беш аз 300 нафар коргар бо риоя ба қоидаҳои карантин фаъолият пеш мебаранд.

Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ