Тарбияи фарзанд амонат аст ҳақ надорем ба он хиёнат намоем

Тарбияи фарзанд амонат аст ҳақ надорем ба он хиёнат намоем

Дар бистсолагӣ ба шавҳар баромадам. Дар арафаи модар шудан дар бораи тарбияи фарзанд маълумоти кам доштанамро фаҳмидам. Ҳам ман, ҳам шавҳарам фақат дар ҳамон ҳолат чӣ қадар масъулиятталаб будани ба дунё овардани фарзанд ва тарбияи онро идрок сохтем.
Меҳмони нав ба дунё омад. Дар ин байн шавҳарамро дар асоси шартномаи сафарбарӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ман бо кӯмаки модаршӯям ба парвариши тифл шурӯъ кардам. Китобҳоро варақ задам, аз саҳифаҳои интернет доир ба тарбияи фарзанд мавзӯъҳо ҷустам. Ҷустуҷӯҳо зоеъ нарафтанд. Андак бошад ҳам барои ба фарзандам модари хуб будан кӯшидам.
Баъде шавҳарам аз хидмати муддатноки ҳарбӣ баргашт, ҳамроҳ оиди дуруст нигоҳубин сохтан, калон кардан ва тарбия намудани фарзандамон мулоҳиза мерондагӣ шудем. Вале падару модар шудан ба ҳардуямон ҳамон осон намекӯчид. Дар ҳаёти оилавиамон масъалаву муаммоҳои нав пеш меомаданд.
Воқеан ҳам падару модар шудан, тарбияи дурусти фарзандро ба роҳ гузоштан, ба таомулҳои оиладорӣ риоя сохтан ба ҳар як инсон аз аввалин ва муқаддастарин вазифаҳо будааст. Тавре бобою момоҳоямон мегӯянд, меваи тарбияи дуруст ширин будааст. Вале ба кӯдак дар вақташ тарбияи дуруст дода тавонистан, тавре ки мо, ҷавонони рӯз фикр мекунем, кори саҳл набудааст. Бинобар надоштани таҷрибаи кофӣ, ростӣ, ману ҳамсарам дар масъалаи оиладорӣ ва тарбияи фарзанд андак ба мушкилӣ дучор шудем.
Ҳамсолони азиз, дугонаҳои муҳтарам! Агар корҳои рӯзгорро дар вақташ иҷро карда натавонед, метавонед аз каси дигар кӯмак пурсед. Дар корхона ба ҳисобу китоб дармонед, онро ислоҳ кардан мумкин. Вале агар ба сифати падару модар ба хатоӣ роҳ диҳед, шахси дар ҳаёт наздиктарин – фарзанди ба ҷон баробаратон рӯзе азият кашиданаш мумкин. Ва ин нороҳатӣ, эҳтимол, тамоми умр давом намояд.
Гуфтаниам, падару модарӣ ӯҳдадории бузург аст. Зеро сари китфи падару модар бори оддӣ не, амонати бебаҳост ва бардоштани он осон нест. Ба ин амонат хиёнат кардан норавост.
Ҳар яки мо, охир, барои имрӯз ва фардои норасидаҳои худ, барои мустаҳкамии пояи хонадони худ масъулем. Бахт ва иқболи фарзандон, ки бо умед ба рӯямон менигаранд, мисле дар рӯи кафҳои дасти мо.

Ф. РАҲМАТОВА,
вилояти Бухоро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ