Дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ гуруҳҳои махсуси хонишӣ ташкил мегардад

Дар сохтори иҷрои ҷазои ҷиноӣ аз рӯйи ташкили таълим чораву тадбирҳои иловагӣ қабул мегардад. Лоиҳаи Қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ аз рӯйи ташкили таълим дар сохтори иҷрои ҷазои ҷиноӣ» барои муҳокима ҷойгир гардид. Дар ҳуҷҷат қайд мегардад, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазо, ки фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ба роҳ монда нашудааст, барои гирифтани таълими миёнаи умумӣ ва махсуси миёна, касбу ҳунарӣ, инчунин дар тамоми муассисаҳои иҷрои ҷазо барои гирифтани таълими олии маҳбусон бунёд кардани имконият ва шароитҳо, инчунин барои хизмати пробатсия сохтори кадртайёркунӣ ба вуҷуд меояд. Аз соли хониши соли 2020-2021 сар карда, барои маҳбусони муассисаҳои иҷрои ҷазо гурӯҳҳои махсуси хонишӣ ташкил мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ