65 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ хоҳиши аз Россия ба Ӯзбекистон баргаштанро карданд

65 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ хоҳиши аз Россия ба Ӯзбекистон баргаштанро карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзҳои охир рейсҳои чартерие, ки барои аз Россия гирифта бурдани шаҳрвандони Ӯзбекистон ташкил мегардад, ба муҳокимаҳо сабаб мешавад. Дар сохторҳои иҷтимоӣ видеолавҳаҳои баъзе ҳамдиёрамон паҳн гардид. Вазорати корҳои берунаи Ӯзбекистон маълум мекунад, ки бино ба ҳолати 12-уми майи соли ҷорӣ ба онлайн-рӯйхати аз ҷониби шӯъбаи консулии Сафоратхона тартибгашта 55 ҳазор нафар хоҳиши ба Ватан баргаштанро карданд. Чунин рӯйхатҳо аз ҷониби Сарконсулхонаҳои Сафоратхонаи дар ҳудудҳои Россия будаи Ӯзбекистон ҳам тартиб дода шудааст. Дар онҳо қариб 10000 нафар шаҳрванд қайд шуданд. Танҳо рӯзҳои 11-12-уми май 14000 нафар ӯзбекистонӣ ба Сафоратхона аз рӯйи масъалаи ба Ӯзбекистон баргаштан муроҷиат намуданд. Ҳоло дар Сафоратхона штаб ташкил гардидааст. Гурӯҳи махсуси нӯҳнафара таъсис ёфта, бо шаҳрвандони мароҷиатнамуда кор мебарад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ