Дар Русия шумораи гирифторони коронавирус аз 250 ҳазор афзуд

Рӯзи гузашта дар 84 минтақаи Русия 9 974 кас ба коронавируси навъи COVID — 19 гирифтор шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Аз ин шумор 4 712 бемори COVID-19 дар Маскав, 918 дар вилояти Маскав ва 460 дар шаҳри Санкт-Петербург ба қайд гирифта шудааст.
Беш аз 40,6% беморон ягон нишонаи бемориро надоштаанд. Дар баробари ин, дар давоми 24 соати гузашта дар Русия 93 нафар қурбони ин беморӣ шуда, 5 527 нафар пурра сиҳат шудаанд.
Дар умум то рӯзи 14 май дар 85 минтақаи Русия 252 ҳазору 245 кас мубталои коронавирус шудааст. Аз рӯзи аввали сабти бемории коронавирус дар Русия то имрӯз, 2 116 нафар қурбон шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ