Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр ба Ӯзбекистон меояд

Президенти Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмон мобайнҳои моҳи октябри соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон омаданаш пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Asia-Plus хабар медиҳад. Роҳбари Тоҷикистон барои иштирок ба Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои Ҳамдӯстии давлатҳои муттаҳид, ки рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ дар Тошканд шуда мегузарад, меояд. Аз тартиби рӯзи Саммит масъалаҳои бартараф намудани инқирози дар натиҷаи пандемияи коронавирус омада, мустаҳкамсозии алоқаҳои савдо-иқтисодӣ ва расидан ба осудагии Афғонистон ҷой мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ