Нишони аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазон тасдиқ шуд

Нишони аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ дар Қазон тасдиқ шуд


Вазорати варзиши Русия нишон ва тилисми аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Қазонро тасдиқ кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин вазорат хабар додааст.
Кумитаи тадорукоти Бозиҳо мурғи фурӯзонро ҳамчун рамз ва палангро ҳамчун тилисм ё тумор интихоб намуд. Муаллифи тарҳрезии логотип Албина Сафиуллина аз Тотористон мебошад. Тилисмро Иброҳим Дурдиев аз Маскав кашидааст.
Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардад. Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Русия, инчунин яке аз пешсафон оид ба теъдоди пирӯзиҳо дар намудҳои мухталифи варзиш ба шумор меравад.
Ғояи гузаронидани Бозиҳо аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт.
Интизор меравад, ки дар Бозиҳо тақрибан 3500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳанд кард.
Иштироккунандагони Бозиҳо дар Деҳаи варзишгарон ҷойгир мешаванд. Дар 21 навъи варзиш мубориза барои 280 маҷмӯи медалҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди дзюдо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3×3) дохиланд.
Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар 15 иншооти пойтахти Тотористон, монанди Қасри намудҳои варзиши обӣ, Қасри якҳарбаи «Ак Барс», Маркази намудҳои варзиши соҳилӣ, Маҷмааи варзишии «Мирас», Маркази бокс ва тенниси рӯимизӣ, Қасри варзиш ва Варзишгоҳи марказӣ барпо мегардад.
Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешавад. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ