Коронавирус: вазъият дар Афғонистон ва Покистон бад аст

Коронавирус: вазъият дар Афғонистон ва Покистон бад аст

  • Post category:Ҷаҳон


Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Покистон ва Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфт.
Вазорати тандурустии Покистон теъдоди мавориди нави мубталоён ба вируси корона дар 24 соати гузаштаро 2255 нафар эълон кард , ба ин тартиб омори кули мубталоён ба 34 ҳазору 370 нафар расид, иттилоъ додааст радиои бурнмарзии Садои Хуросон.
Вазорати тандурустии Покистон ҳамчунин аз сабти 31 мавриди марги нави ноши аз вируси Корона хабар дод ,ки шумори умумии ҷонбохтагон дар ин кишвар ба 737  нафар афзоиш ёфт.
Ин афзоиш дар ҳоле аст ,ки давлати Покистон маҳдудиятҳои Каронаиро дарин кишвар ба тадриҷ коҳиш дода ва ҳам акнун марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳо дар саро сари Покистон ба сурати маҳдудият фаолияти худро аз сар гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва дармони Афғонистон ахиран эълон кард, бо сабти 259 мавриди нав афроди олуда ба вируси Корона дар ин кишвар, шумори ҳамаи мурдаҳо ба панҷ ҳазору дусаду бисту шаш нафар расид.
Ҳамчунин бо марги панҷ нафари дигар дар Афғонистон ноши аз вируси Корона, шумори мурдаҳо дар ин кишвар бар асари ин вирус ба саду сивуду нафар афзоиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ