Ҳаҷми савдо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон наздики 69,5 млн долларро ташкил дод

Ҳаҷми савдо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон наздики 69,5 млн долларро ташкил дод

  • Post category:Ҷаҳон


Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми савдо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон наздики 69,5 млн долларро ташкил дод, ки беш аз 52 млн доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон рост меояд.
Дар ин бора Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон номгӯйи васеи техникаи маишӣ, сарулибос, пойафзол, маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда, аз кишвари ҳамсоя барқ, масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум мехарад.
Бинобар наздикии қаламрав хароҷоти нақлиёти ширкатҳои Ӯзбекистон зимни содироти маҳсулот ба Тоҷикистон он қадар баланд нестанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ