15-УМИ МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

15-УМИ МАЙ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи байналмилалии оила, ки 15-уми май ҷашн гирифта мешавад, соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис дода шуда буд. Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони  имрӯза, дар замони аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ  ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши он гардид. Ин ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист.
Эҳсоси наздикӣ бо ҳамдигар, нишоти меҳри волидайн, эътимоду бовар ба дастгирии онҳоро кӯдак бори аввал дар оила таҷриба мекунад. Маҳз дар оила ӯ муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад. Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонист. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки оила бо ҳам дӯст ва мустаҳкам бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ