Муаммои аср: фарбеҳӣ ва оқибатҳои он

Вазни барзиёд ё ин ки фарбеҳӣ асосан дар давлатҳои ривоҷёфта ба муаммои ҷиддӣ мубаддал гардидааст. Дар ИМА 56 дарсади аҳолии аз синну соли 18 боло, дар Британияи Кабир 52 дарсад, дар Исроил 50 дарсади аҳолӣ мавҷуд будани вазни барзиёд гуфта мешавад. Бино ба маълумоти ТҲТҶ (соли 2016) дар дунё беш аз 1,9 миллиард нафар одамон аз вазни барзиёд азият мекашанд. Дар беш аз 650 миллион нафари онҳо фарбеҳӣ мавҷуд. Ҳоло на танҳо дар мамлакатҳои ривоҷёфта, балки дар мамлакатҳои ривоҷёфтаистода ҳам шумораи одамони вазнашон барзиёд зиёд мешаванд. Солҳои охир шакли абдоминал (дар соҳаи шикам) — и фарбеҳӣ бештар аниқ мегардад. Аз сабаби вазни барзиёд дар байни одамон диабети қанд барин бемориҳо омада мебароянд. Ҳар як инсон истеъмоли хӯроквории равғанин, бирён, нӯшокиҳои энергетикӣ, шӯрро кам карда, ба ҷойи онҳо бештар маҳсулоти ширӣ, меваву сабзавот, кабудӣ, бодом, чормағз, гӯшти мурғ, моҳӣ ва ғайраро хӯрданаш лозим. Бештар ҳаракати ҷисмонӣ карда, кам-кам хӯрок хӯрданаш даркор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ