Дар дунё шумораи фавтидагон аз коронавирус аз 300 ҳазор гузашт

Дар дунё шумораи фавтидагон аз коронавирус аз 300 ҳазор гузашт

  • Post category:Саломатӣ


Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, шумораи фавтидагон аз коронавирус дар дунё аз 300 ҳазор гузашт. Беш аз чаҳор миллион одам ба вируси мазкур мубтало шуда, 1 миллиону 700 кас шифо ёфтаанд.
Шумори мубталоён аз ҳама бештар дар ИМА ошкор шудааст. Дар ин кишвар 1 миллиону 400 ҳазор ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 85 ҳазор одам ҷон бохтаанд.
Аз нигоҳи шумори мубталоён Русия дар мақоми дувум аст. Ба иттилои расмӣ, дар Русия зиёда аз 250 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба вирус ошкор шуда, беш аз 2 ҳазор одам ҷон додаанд.
Дар мақоми севум Бритониё аст. Беш аз 230 ҳазор шаҳрванди ин кишвар гирифтори коронавирус гашта, зиёда аз 33,5 ҳазор кас фавтидаанд.
Бояд гуфт, ки навъи нави коронавирус охирҳои соли 2019 дар Чин ошкор ва тадриҷан ба кишварҳои дигар паҳн шуд. ИМА Чинро ба он айбдор мекунад, ки дар бораи беморӣ сари вақт хабар надод. Вале Пекин ҳамаи иттиҳомотро рад менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ