Коронавирус кадом аъзои бадани инсонро олуда мекунад?


Муҳаққиқон дар баррасиҳои худ мушоҳида карданд, ки коронавирус метавонад аъзои мухталифи бадан, аз ҷумла шуш, гулӯ, ҷигар, мағз, гурдаҳо ва рӯдаҳоро олуда кунад, хабар медиҳад ИСНА.
Муҳаққиқон дар ду мутолиаи ҷудогона дарёфтанд, ки коронавирус метавонад аз шуш низ фаротар рафта ва андомҳои мухталифи баданро даргир кунад.
Ин ёфтаҳо метавонад нишондиҳандаи ин мазӯъ бошад, ки чаро бемории коронавирус бо аломатҳои мухталифе ҳамроҳ аст.
Коронавирус, гурӯҳи бемориҳои танаффусӣ мебошад ва аз тариқи тарашшуҳоти танаффусӣ мунтақил мешавад, аммо гоҳо ин беморӣ бо исҳол ва дигар аломатҳои гуворишӣ ҳамроҳ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ