Дар Ӯзбекистон фаъолияти авиапарвозҳо ва хатти ҳаракати «Афросиёб» ба роҳ монда шуд

Дар Ӯзбекистон фаъолияти авиапарвозҳо ва хатти ҳаракати «Афросиёб» ба роҳ монда шуд

Дар Ӯзбекистон карантин то 1-уми июн тамдид карда шуда як қатор маҳдудиятҳо сабук карда шуданд

✅ Аз 15-уми май, вобаста аз категорияи минтақаҳо, тақрибан ба 20 намуди фаъолият иҷозат дода шуд.

Аз 18-уми май:

🟡 Дар минтақаҳои «зард» (аз ҷумла Тошканд) аз соати 06:00 то 22:00 истифодаи воситаҳои нақлиёт бе рухсатнома иҷозат дода мешавад. Дар ин ҳолат шумораи мусофирон набояд аз 3 нафар зиёд бошад.

🔴 Дар минтақаҳои «Сурх», мисли пешина, шумо метавонед бо автомобилҳои шахсии худ берухсатнома аз соати 07:00 то 10:00 ва аз 17:00 то 20:00 ҳаракат кунед.

Маҳдудиятҳои ҳаракати нақлиёт дар минтақаҳои «сабз» аввалтар бекор шуда буд.

✈️ Парвозҳо аз Тошканд ба Нукус, Ургенч ва Термез дубора барқарор карда мешаванд.

Поездҳои «Афросиёб» аз Тошканд — Навоӣ, Бухоро, Қаршӣ, ба водии Фарғона дубора роҳандозӣ карда мешаванд.

☝️ Мусофирон бояд аз санҷиши коронавирус гузаранд ва ба талаботи дигари карантин мувофиқат кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ