Дарди гурда аз дарди камар (миён) чӣ хел фарқ дорад?

Дарди гурда аз дарди камар (миён) чӣ хел фарқ дорад?

  • Post category:Саломатӣ

Дар ин ёддошт мехостем роҷеъ ба хусусиятҳои фарқкунандаи дарди гурда аз дигар дардҳои шабеҳ ба он маълумоти мухтасар диҳем. Мутаассифона дар таҷрибаи ҳамарӯзаи пизишкӣ чунин ҳолатҳо зиёд мушоҳида мешаванд, ки беморон дарди гурдаро ба дардҳои дигар, хусусан ба дарди камар, дарди мушакҳои камар ва дарди сутунмӯҳра иштибоҳ мегиранд ва намедонанд ба кадом мутахассис муроҷиат кунанд.

Бояд дар назар дошт, дарди гурда яке аз аломатҳои асосии бемориҳои урологӣ мебошад, ки метавонад ба таври шадид хуруҷ кунад ё кам-кам ба таври доимӣ инсонро ранҷ диҳад.
Дарде, ки ба гурдаҳо хос аст, аз ду пахлӯи сутунмӯҳра оғоз мешавад.
Паҳншавии дардҳо ба самти паҳлӯи рост ё чапи шикам нишонаи дардҳои ҳолибҳо мебошад.
Дардҳои кунди доимӣ дар мавзеъи гурдаҳо одатан хосси илтиҳоби музмини гурдаҳо ё бофтаҳои атрофи онҳо мебошад.

Дардҳои шадиди гурда ниёз ба кӯмаки ба таъҷилӣ доранд ва бояд ҳарчӣ зудтар бартараф шаванд.

Сабаби асосии дарди шадиди гурдаҳо инҳоянд:

-якбора бо сангҳо басташавии (обтуратсия)-и ҳолиб ҳангоми фаромадани санг аз гурдаҳо;
-фаромадани шикастапораҳои санг, баъд аз сагшикании беруниандомии фосилавӣ;

-лахташавии хун дар гурдаҳо ё дар ҳолибҳо ҳангоми осебҳои пӯшидаи гурдаҳо ва

хунравии онҳо;
-басташавии ҳолибҳо аз чирку фасод ҳангоми илтиҳобҳои фасодӣ (пионефроз);
-қадшави ё печхӯрии ҳолибҳо ва ғайра мебошад.

Механизм ё равиши дардҳои гурда.

Дар пайи якбора баста шудани ҳолиб, пешоб дар дохили гурда ҷамъ шуда, фишори дохили он баланд мешавад. Торҳои асабе, ки дар девораҳои ҳавзаку ҷомчаҳо ва дар қабати дохилии шараёнҳо мебошанд бароретсепторҳо ном доранд. Онҳо фишори баландро қабул карда, дардро ба ҳароммағз ва сипас ба нимкурраҳои мағзи сар интиқол медиҳанд. Дар натиҷаи мушакҳои нафиси гурда ва шараёни он бо таври рефлекторӣ фишурда шуда, ба лаҳмии гурда хун ба миқдори нокифӣ ворид мешавад, ки ин боиси гипоксияи лаҳмии гурда ба мешавад. Дар натиҷаи гипоксияи лаҳмии гурда варам карда, ғилофаки он таранг ва дардҳо торафт шадидтар мешаванд. Танҳо кӯмаки саривақтии пизишк метавонад шахсро аз чунин ҳолат раҳо кунад.

Дардҳо аз мавзеъи гурдаҳо шурӯъ шуда, ба ҳолибҳо, ба самти паҳлӯии шикам то ноҳияи масона ва узвҳои ҷинсӣ интишор меёбанд. Одатан чунин дардҳо ҳамроҳ бо беқарорӣ, дилбеҳазурӣ, қайкунӣ, зуд-зуд пешобраӣ бо миқдори кам, баъзан вақт пайдошавии хун дар пешоб, баландшавии фишори шараёнӣ, афзоиши заррабони қалб, дарди сар ва баъзан бо ҳароратбаландӣ мегузаранд. Ин дардҳо метавонанд аз якчанд дақиқа то соатҳо тӯл кашанд.

Агар Шумо дучори чунин мушкилӣ ё нишонаҳои дар боло зикргардида шудаед, ба уролог мурочиат кунед.
Хусусиятҳои фарқкунпндаи дардҳои қисмати камар.

Дардҳои камар хусусиятҳои фарқкунанда хосси худро дорад, яъне:
-дардҳои камар бештар дар қисмати марказии сутунмуҳра пайдо мешаванд;
-ҳангоми ҳаракат ё хаму рост кардани камар карахт мешавад;
-дардҳои ки халонидани сузан мемонанд;
-одатан ба самти чорбанду андомҳои поён (пойҳо) ё ба самти пушт паҳн мешаванд;
-субҳ ҳангоми аз бистар хестан камар карахт буда, баъди якчанд дақиқаи ҳаракат кардан дардҳо кам мешаванд ва ғайра.

Агар чунин дардҳо Шуморо азият мекунанд, ба ортопед мурочиат кунед.
Инчунин дарди гурдаро метавон аз бемориҳои зерин фарқ кард;
-илтиҳоби шадиди куррӯда (аппендисити шадид)
-илтихоби шадиди талхадон ё халтаи сафро (холесистити шадид)

  • илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда (панкреатити шадид)
    -захми меъда ва ғайра.
    Барои ташхиси дурусту дақиқ ва саривақтӣ ҳатман муоинаи бемор, собиқаи беморӣ, таҳлилҳои озмоишгоҳӣ, усулҳои иловагии ташхиси функсионалӣ (ташхиси фаросавтӣ, рентгенографӣ ва томографии компютерӣ) лозим аст.

Азизов Умар

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ