Боз як мамлакат аз эпидемия ғалаба кард Расмиёни ҳукумати Словения (Аврупо) эълон карданд, ки дар мамлакат эпидемияи коронавирус ба поён расид.

Дар ин бора нашри «Interfaks» маълум кард. «Имрӯз дар Словения вазъияти қулайтарин дар Аврупо ба назар мерасад. Ин барои дар мамлакат эълон кардани тамомшавии эпидемия имкон медиҳад» гуфтааст Сарвазири Словения Ҷанес Ҷансия. Дар ин мамлакат 1500 ҳолати сирояти коронавирус аниқ гардид. Аз инфексия 103 нафар вафот кард. Дар мамлакат риоя кардан ба қоидаҳои масофаи иҷтимоӣ идома меёбад. Ҳоло ба гузаронидани ҷамъомадҳои оммавӣ рухсат дода нашудааст. Ҳафтаи оянда дар мамлакат баъзе марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо кушода мешаванд. Аммо, дар мамлакат ҳоло беморони коронавирус ҳастанд. Дар ин ҷо 1093 бемори коронавирус пурра сиҳат нашудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ