Дар Сардоба масҷидҳо ба ҳисоби маблағи «Вақф» таъмир мегарданд

Дар Сардоба масҷидҳо ба ҳисоби маблағи «Вақф» таъмир мегарданд

Масҷидҳои ҷомеаи «Алишер Навоӣ» ва «Юсуф» — и ноҳияи Сардобаи Сирдарё , ки аз тӯфони об зарар дидаанд, аз ҳисоби маблағи Хазинаи хайриявии «Вақф» таъмир мешаванд. Дар ин бора хазина дар сомонаи расмии худ маълум кард. Таъкид мегардад, ки рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ ходимони масъули Хазинаи хайриявии «Вақф» ва Кумита аз рӯйи корҳои динӣ ба вилояти Сирдарё ташриф фармуданд. Бо ҳолатҳои масҷидҳои ноҳияи Сардоба шинос шуданд. Маълум шудааст, ки ба масҷидҳо аз офати табиӣ талафоти ҷиддӣ расидааст. Хазина ҳамдиёрони саховатпешаро ба ҳамкорӣ намудан дар кори хайр чун бунёд кардани масҷидҳо даъват намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ